Қадрдонии Пекин аз кумакҳои пизишкии Эрон ба Чин
Сухангӯи Вазорати умури хориҷаи Чин аз ирсоли кумакҳои пизишкии Эрон ба он кишвар барои маҳори коронавирус қадрдонӣ кард.
Ба нақл аз ИРНО, Ҳоа Чонинг рӯзи ҷумъа дар нишасти хабарӣ дар Пекин гуфт, Эрон то кунун се миллион маски пизишкӣ барои Чин ирсол ва эълом карда омодаи ирсоли кумакҳои бештари беҳдоштӣ ва пизишкӣ ба Чин аст.
Сухангӯи Вазорати умури хориҷаи Чин ҳамчунин аз паёми Муҳаммадҷаводи Зариф вазири умури хориҷаи Эрон, ки тадбирҳои муассир ва қотеонаи Чинро барои маҳори коронавирус таҳсин кардааст қадрдонӣ кард ва онро нишонае аз дӯстии дерина ва содиқона миёни ду миллат ва ду кишвар донист.
Ҳоа Чонинг ҳамчунин афзуд, кишвараш ба шакли шаффоф ва бо рӯйкарде созанда, иттилооти муртабит бо коронавирусро дар ихтиёри дигар кишварҳо қарор медиҳад ва яқин дорад ин вирусро маҳор хоҳад кард.
Комиссияи беҳдошти Чин бомдоди рӯзи шанбе эълом кард, бо марги 86 бемори дигари мубтало ба коронавирус, шумори ҷонбохтагони ин вирус дар Чин ба 722 нафар расидааст.
Беш аз 31 ҳазор нафар дар Чин то кунун ба ин вирус мубтало шудаанд.