Ҳарос аз коронавирус ба қаҳтӣ дар Гонконг мунҷар шуд
Ҳароси шадид аз коронавирус боис шудааст мардум барои хариди колоҳои ҳиётӣ ва рӯзмарраи худ ба фурушгоҳҳо ҳамлавар шаванд.
Ба нақл гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, ин рӯзҳо ҳуҷуми шадиди мардум ба фурушгоҳҳо боис шудааст, ки ҳатто содатарин колоҳо мисли дастмоли ҳоҷатхона низ камёб шавад.
Биринҷ ва макарон низ аз чизҳое аст, ки дар ин минтақа тақрибан камёб шудааст ва фурудгоҳҳои занҷираӣ эълом кардаанд, ки чизҳое монанди коғади ҳоҷатхона ва биринҷ то 30 дақиқа баъд ба поён мерасанд.
Тасвири фурушгоҳҳое бо қафасаҳои холӣ дар Гонконг ба яке аз содатарин тасовири рӯзҳои ахир табдил шудааст.
Харидорони ваҳшатзада дар Гоконг ба супермаркетҳо ҳуҷум бурдаанд, зеро давлат ҳушдор додааст, ки эҳтимол дорад дар сурати ташдиди вазъияти ҳушдордиҳанда шаҳр дар ҳолати қарантин қарор бигирад.
Сухангӯи давлат дар посух ба овозаҳои мухталифе, ки ахиран дар бораи шуюи коронавирус мунташир шудааст, ашхосеро, ки овозапароканӣ мекунанд таҳдид ба дастгирӣ кард.
Сухангӯи давлати Гонконг гуфтааст ин кишвар бештари марзҳои заминии худро бо Чин бастааст ва иқдомоти беҳдоштии шадидеро анҷом медиҳад ва ҷое барои нигаронӣ вуҷуд надорад.