Феврал 09, 2020 17:50 Asia/Dushanbe
  • Ҳимояти Умрон Хон аз наздиктар шудани муносиботи Покистон бо Эрон

Умрон Хон, нахуствазири Покистон бар аҳамияти равобити бародарона ва дерина бо Эрон, ки реша дар фарҳанг, таърих ва муштаракоти иҷтимоӣ дорад, таъкид кард.

Ба гузориши ИРНА аз Исломобод, Раҳим Ҳаёт Қурайшӣ, сафири ҷадиди Покистон дар Теҳрон, рӯзи якшанбе пеш аз азимат ба Эрон, дар твитте бо ишора ба дидораш бо нахуствазири Покистон навишт:

Умрон Хон дар ин дидор бар ҳимояти Исломобод аз густариши беш аз пеши муносибот бо Теҳрон дар ҳамаи заминаҳо таъкид кард.

Сафири ҷадиди Покистон дар Эрон афзуд, ки мутааҳҳид ба талоши ҷиддӣ барои боло бурдани сатҳи равобит ва ҳамкориҳо миёни Эрон ва Покистон аст.

Раҳим Ҳаёт Қурайшӣ рӯзҳои ахир дар Исломобод бо масъулони ин кишвар, аз ҷумла Ориф Алавӣ, раиси Ҷумҳурии Покистон дидор ва дар хусуси барномаҳои ояндаи худ ба унвони сафири ин кишвар дар Эрон, баҳсу табодули назар кардааст.

 

Барчасп