Баргузории маросими чиҳилуми шаҳид Сулаймонӣ дар Беларус
Маросими чиҳилуми сардори шаҳид Қосими Сулаймонӣ аз сӯи сафорати Эрон дар Минск, пойтахти Беларус баргузор шуд.
Дар остонаи чиҳилумин рӯзи шаҳодати сардори сипаҳбуд шаҳид Ҳоҷқосими Сулаймонӣ ва Абу Маҳдӣ ал Муҳандис, маросими гиромидоште аз сӯи сафорати Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Беларус баргузор шуд. Ин маросим, ки бо ҳузури ҷамъе аз эрониёни муқим, донишҷуёни ироқӣ ва лубнонӣ, коргузорони низом ва хонаводаҳои онҳо дар маҳалли Байт ал Заҳро (а) шаҳри Минск баргузор шуд, бо иқомаи намози ҷамоат оғоз ва бо ашъоре аз сӯи донишҷӯёни эронӣ ва алоқамандон ба Инқилоби Исломӣ аз соири кишварҳо ва пахши намоҳангҳои муносибатӣ идома ёфт.
Саиди Ёрӣ, сафири Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Беларус низ дар суханоне гуфт, шаҳид сардор Сулаймонӣ дорои нубуғи низомӣ ва фармондеҳи боризе буд, ки ҳатто, душманонаш ҳам ба он эътироф доранд. Ӯ хушномтарин ва маҳбубтарин фармондеҳи низомии Эрон ва ҷаҳон буд ва тавозӯъ, ихлос, мудоро бо мухолиф ва меҳрубонӣ бо зердастон, ба изъони дӯстон ва ҳамразмон, аз вижагиҳои барҷастаи ахлоқи фардӣ ва шахсии сардор Сулаймонӣ аст.
Сардори Ҳоҷқосими Сулаймонӣ, фармондеҳи нирӯи “Қудс”-и сипоҳ ба ҳамроҳи Абу Маҳдӣ ал Муҳандис, муовини басиҷи мардумии Ироқ ва чанд тан аз ҳамроҳонашон бомдоди ҷумъа (13 даймоҳ) дар пайи ҳамлаи террористҳои амрикоӣ ба худравҳои ҳомили онҳо дар наздикии фурудгоҳи Бағдод ба шаҳодат расиданд.