Феврал 12, 2020 21:15 Asia/Dushanbe
  • Боздошти ду фармондеҳи аршади Толибон дар Афғонистон

Идораи амнияти миллии Ҳирот, дар ғарби Афғонистон дар баёнияе аз боздошти ду тан аз фармондеҳони аршади Толибон хабар дод.

Дар баёнияи рӯзи чаҳоршанбеи идораи амнияти миллии Ҳирот омадааст: Нерӯҳои амниятии Афғонистон дар амалиёте зимни шиносоӣ ва боздошти ин ду фармондеҳи Толибон, як анбор силоҳ ва муҳиммоти ин гурӯҳро дар шаҳристони Зиндаҷони ин вилоят низ кашф карданд.

Абдулқайюм Раҳимӣ, устондори Ҳирот низ дар нишасти хабарӣ гуфт, аъзои Толибон қасд доштанд аз ин силоҳҳо ва муҳиммот дар ҳамалоти террористӣ дар манотиқи мухталифи ин вилоят истифода кунанд.

Дар ду моҳи гузашта беш аз 50 омили ҳамалоти террористӣ дар Ҳирот шиносоӣ ва боздошт шудаанд.

Ҳирот аз вилояти ноамни ғарби Афғонистон аст, ки Толибон дар он фаъолият ва ҳузури густурда дорад.