Венесуэла аз Амрико ба додгоҳи Гаага шикоят кард
(last modified Fri, 14 Feb 2020 15:35:29 GMT )
Феврал 14, 2020 20:35 Asia/Dushanbe
  • Венесуэла аз Амрико ба додгоҳи Гаага шикоят кард

Раисҷумҳури Венесуэла аз фиристодани парвандаи иқдомот ва таҳримҳои якҷонибаи Амрико алайҳи Каракас ба Девони байналмилалии Кайфарӣ (Гаага ё Лоҳа) хабар дод.

Николас Мадуро, раисҷумҳури Венесуэла рӯзи панҷшанбе (13 феврал) дар як паёми твиттерӣ зимни таъкид бар ҳуқуқи мардуми кишвараш барои бархурдорӣ аз сулҳ ва ҳаққи ҳокимият эълом кард: Мо ба дунболи маҳкум кардани қотеонаи иқдомоти ҷинояткоронаи Амрико алайҳи мардуми Венесуэла дар Девони Байналмилалии Кайфарӣ ҳастем”.

Мадуро афзуд, ин ҳаҷми таҷовуз ва таҳрими Амрико алайҳи мо дигар кофӣ аст ва Венесуэла хоҳони адолат аст.

Хурхе Арревса, вазири умури хориҷаи Венесуэла низ рӯзи панҷшанбе гуфт, сиёсатҳои якҷонибаи Амрико дар нақзи ҳуқуқи байналмилал ва ҳаққи ҳокимияти миллатҳо дар саросари ҷаҳон, ҳадафе ҷуз тағйири давлатҳо аз роҳҳои хилофи қонуни асосӣ дунбол надоранд.

Венесуэла аз замони ҳузури Доналд Трамп дар Кохи Сафед бо иқдомоти барандозона ва шадидтарин таҳримҳои иқтисодии Амрико тайи чанд даҳаи гузашта мувоҷеҳ шудааст.

Авзои номусоиди иқтисодии Венесуэла зиндагиро барои мардуми ин кишвар бисёр душвор кардааст.