Феврал 15, 2020 19:47 Asia/Dushanbe
  • Толибон аз тавофуқи аввалия бо Амрико дар сояи беэътимодӣ хабар дод

Як мақоми Толибон рӯзи ҷумъа тавофуқи оташ баси аввалия бо Амрикоро таид, аммо эълом кард, ки мо таҷрибаҳои баде аз амрикоиҳо дорем.

Ба нақл аз ИРНО, як мақоми Толибон ба хабарнигорон дар Пешовари Покистон гуфт, Шурои Толибон оташ баси ҳафтрӯзаро тасвиб кардааст, аммо замони оғози он мушаххас нест.

Ин мақоми Толибон, ки номе аз вай оварда нашудааст афзду, ки таърихи имзои тавофуқи сулҳ ҳануз қатъӣ нашудааст ва ин тавофуқ ҳамчунон мушкилоти кучак, аммо сарнавиштсозе дорад.

Вай бо интиқод аз бадъаҳдиҳои Амрико дар музокироти сулҳ гуфт, шумо метавонед интизори ҳарчизе аз амрикоиҳо дошта бошед ҳамонтавр, ки мо таҷрибаҳои бисёр баде аз онҳо дорем.

Манобеи огоҳ ба Рейтерз гуфтаанд, ки дар сурати муваффақияти ин тавофуқ, эҳтимоли имзои тавофуқи оташ бас миёни Вашингтон ва Толибон, ки дар ниҳоят ба хуруҷи нерӯҳои амрикоӣ аз Афғонистон биянҷомад вуҷуд дорад.

Ҳамзамон Майк Помпео вазири умури хориҷаи Амрико аз пешрафте муҳим дар музокирот бо Толибон хабар дод ва гуфт, ки раиси ҷумҳурии кишвараш иҷозатномаи лозимро барои идомаи ин музокирот додааст.

Пештар рӯзномаи Нию-ЙоркТаймз ба нақл аз мақомоти амрикоӣ гузориш дод, ки ин тавофуқнома танҳо дар сурате имзо хоҳад шуд, ки Толибон дар як давраи озмоишии ҳудуди ҳафтрӯза дар охири ин моҳ тааҳуди худ ба коҳиши хушунатро исбот кунад.

 

Барчасп