Феврал 16, 2020 14:48 Asia/Dushanbe
  • Таҳдиди дубораи Эрдуғон зидди Сурия

Раиси ҷумҳурии Туркия дар суханоне таҳдидомез гуфт, агар нерӯҳои артиши Сурия то поёни моҳи феврал аз Идлиб (шимоли Сурия) хориҷ нашаванд Туркия вориди амал хоҳад шуд.

Ба нақл аз Форс, Раҷаб Тайиб Эрдуғон раиси ҷумҳурии Туркия дар бораи таҳаввулоти Идлиби Сурия муддаӣ шуд, то замоне, ки нерӯҳои Сурия аз Идлиб ақибнишинӣ накунанд буҳрон дар ин минтақа ҳал нахоҳад шуд.

Раиси ҷумҳурии Туркия бидуни ишора ба поймолсозии тамомияти арзии Сурия аз сӯи нерӯҳои артиши Туркия ва поймолсозии иқдомоти Анқара бо тавофуқномаҳои байналмиллалӣ афзуд, ҳеҷ қасде барои ишғоли сарзаминҳои Сурия надорем ва дар талош барои эҷоди роҳи ҳалле бидуни ишғоли Сурия ҳастем.

Артиши Сурия аз як моҳи пеш амалиёти худ алайҳи террористҳо дар вилояти Идлиби ин кишварро аз чанд меҳвар оғоз карда ва тавонистааст дар ин муддат 600 километри мураббаъ аз заминҳои ин минтақаро ба ҳамроҳи бузургроҳи роҳбурдии Ҳалаб-Димишқ озод ва поксозӣ кунад.

Сурия борҳо эълом кардааст, ки ҳамалоташ алайҳи террористҳоест, ки дар Идлиб ҳузур доранд, аммо Туркия бо ибрози нигаронӣ аз таҳаввулоти ахир муддаӣ аст аз тарси қудрат гирифтани гуруҳҳои курди мусаллаҳи сӯрӣ маҷбур шуда нерӯҳои худро вориди хоки Сурия дар Идлиб кунад, иқдоме, ки бо эътирози шадиди давлати Димишқ рӯбарӯ шудааст.

Артиши Туркия дар дусоли гузашта ба баҳонаи мубориза бо гуруҳҳои курди мусаллаҳ бо нуфуз ба минтақаҳои шимолии Сурия ба вижа Ҳалаб, чанд ришта амалиёти густарда иҷро кардааст, ки дар он ҳазорон тан кушта, захмӣ ё овора шудаанд.

 

Барчасп