Феврал 20, 2020 12:07 Asia/Dushanbe
  • Дафъи ҳамлаҳои паҳподии терорристҳо ба наздикии пойгоҳи ҳавоии Ҳамимим

Сомонаҳои дифоъи ҳавоии мустақар дар Ҳумаи Лозиқия ҳадафҳои хасмонае дар атрофи шаҳри Ҷалаҳ дар наздикии пойгоҳи ҳавоии Ҳамимим дар ғарби ин кишварро дафъ карданд.

Ба нақл аз Исно, телевезиони расмии Сурия ҷузиёти зиёде мунташир накардааст аммо ба гузориши хабаргузории расмии Сурия ( Соно ) шомгоҳи чоршанбе падофандҳои ҳавоии чанд паҳподи терорристие,ки аз Идлиб ба самти шаҳри Ҷабалаҳ наздик мешуданд, сарнагун карданд.

Ҳамчунин падофандҳои ҳавоӣ дар устони Лозиқаҳ чанд паҳподи мутаалиқ ба гурӯҳҳои терорисиро ,ки аз ҷиҳати устони Идлиб ба атрофи шаҳри Ҷабалаҳ наздик мешуданд бе ҳеҷталафоте дар минтақа сарнагун карданд.

Маркази Оштии Русия дар Сурия ,ки зери назари Вазорати дифоъи Русия фаъолият мекунад ва мақари он дар пойгоҳи Ҳамимим аст баёнияе дар ин бора мунташир накардааст.

Аз тарафе як манбаи амниятии олирутба низ ба хабаргузории Спутник гузориш дод, теъдоде ракет аз минтақаҳои истиқрори терорристҳо дар Ҳума шимол шарқи Лозиқа шилик шуданд.

Ба гуфтаи ин манбаъ, ракетҳо рӯстоҳо ва шаҳракҳои наздик ба пойгоҳи Ҳамимимро ҳадаф гирифтанд.