Феврал 20, 2020 13:24 Asia/Dushanbe
  • Тавсиъаи сканри ғазои ҳалол дар Сингапур

Нармафзори пуйишгари роёнаии ( сканр ) ғазои ҳалол дар Сингапур тавсиъа меёбад.

Ба нақл аз Ҳавзаҳ, нармафзори сканри ҳалол бо номи Ҳалол чист ? ки ҳамакнун дар 29 кишвари мухталиф дар дастрас аст , мувафақ ба ҷамъоварии 4. 5 миллион доллар будҷа барои тавсиъа ба вижа дар Сингапур шудааст.

Ин ширкат ,ки 10 моҳ пеш фаъолияти худро оғоз карда , будҷаи мазкурро аз тариқи вебсойти Сармоягузори инҷо ба даст оварда то битавонад фаъолияти худро дар ҷунуб шарқи Осиё густариш дода ва аз он барои ба коргирии истеъдодҳо ва тавсиъаи бештари барнома истифода кунад.

Барномаи ҳалол чист аз фановарии блок чин истифода карда ва дар ҳоли ҳозир 6 сервиси мухталиф ба корбарон ироа медиҳад,ки  шомили  ; роҳнамоии ғазои ҳалол, феҳристи рестаранҳои исломӣ, таҳвили ғазои ҳалол, ғазои ҳалоли омода ва резерви рестарани ҳалол мебошад. Ин нармафзор ҳамчунин шомили сканри боркедҳои ҳалол аст,ки то кунун 1 ҳазору 400 мартаба барои шиносоии бастаҳои маводи ғазоии дорои гувоҳиномаи ҳалол мавриди истифода қарор гирифтааст.

Имсол ин ширкати навпо иқдом ба роҳандозии аввалин системаи ҷаҳонии судури гувоҳиномаи ҳалол дар ҷаҳон карда ва ба дигар ширкатҳо барои осоншудани дарёфти гувоҳиномаи ҳалол дар кишварҳои мухталиф кумакрасонӣ мекард.

Измон Ийвон Тони 43 сола муасиси ин ширкат гуфт ; дар ҳоле,ки аз ҳамакнун чандин тоҷири Сингапурӣ барои сармоягузорӣ эъломи омодагӣ кардаанд пешбинӣ мешавад,ки тақозо барои ироаи сервиси нав афзоиш ёбад.