Посухи Русия ба таҳдиди ҳастаии вазири дифои Амрико
(last modified Fri, 30 Sep 2016 13:24:14 GMT )
Сентябр 30, 2016 18:24 Asia/Dushanbe
  • Посухи Русия ба таҳдиди ҳастаии вазири дифои Амрико

Вазорати умури хориҷаи Русия дар баёнияи шадидуллаҳне ба таҳдиди ҳастаии вазири дифои Амрико посух дод.

Ба гузориши хабаргузории "Форс", дар пайи ташдиди танишҳо миёни Русияву Амрико, Вазорати умури хориҷаи Русия рӯзи панҷшанбе дар баёнияи шадидуллаҳне, нисбат ба таҳдидҳои ҳастаии тарафи амрикоӣ ҳушдор дод.

Вазорати умури хориҷаи Русия ба баёнияи рӯзи душанбеи Эштон Картер, вазири дифои Амрико ишора ва онро таҳдиде барои ҳамла ба Русия бо силоҳҳои ҳастаии амрикоӣ хонд.

Эштон Картер Русияро ба рафтори таҳдидомези ҳастаӣ муттаҳам карда гуфта буд, ҳатто баъд аз итмоми даврони ҷанги сард, ҳанӯз ҳам барои маҳори Русия ба силоҳҳои ҳастаӣ ниёз аст.

Вазорати умури хориҷаи Русия ин изҳороти вазири дифои Амрикоро ба манзалаи эъломи Вашингтон барои костани остонаи истифода аз силоҳҳои ҳастаӣ таъбир кард.

Маскав хотирнишон кард, ки дар усули низомии феълии Русия, истифода аз силоҳҳои ҳастаӣ барои ҷилавгирӣ аз ҳамалоте, ки мавҷудияти ин кишварро ҳадафи ҳамла қарор медиҳанд, дар назар гирифта шудааст.

Дар баёнияи Вазорати умури хориҷаи Русия ҳамчунин хотирнишон шудааст, роҳбурди эъмоли фишор бар Маскав бо зӯр, ки зоҳиран бар асоси мантиқи барномарезони Пентагон анҷом мешавад, бо бунёнҳои хатарноктару пешрафтатаре дар заминаи масоили фаннӣ-низомӣ мувоҷеҳ хоҳад шуд.