Феврал 26, 2020 17:35 Asia/Dushanbe
  • Эрон бузургтарин шарики бозаргонии Афғонистон

Эрон бузургтарин шарики бозаргонии Афғонистон шинохта шуд.

Ба гузориши ИРНА, муовини идораи омори Афғонистон бо эъломи ин ки Эрон бузургтарин шарики бозаргонии ин кишвар аст, изҳор дошт, Афғонистон дар соли 1398 –и хуршедӣ бештарин воридотро аз Эрон доштааст.

Ҳасибуллоҳ Муваҳҳид рӯзи сешанбе дар як нишасти хабарӣ дар Кобул гуфт, воридоти Афғонистон имсол 8.3 миллиард доллар буда, ки нисбат ба соли гузашта 8 дарсад коҳишро нишон медиҳад ва Эрон бо содироти 1.2 миллиард доллар бузургтарин шарики тиҷоратии ин кишвар шудааст.

Вай бидуни ишора ба рақами воридот аз Эрон гуфт, пас аз Эрон ба тартиб Чин, Покистон, Узбакистон, Қазоқистон ва Туркманистон бештарин содиротро ба Афғонистон доштаанд.

Муваҳҳид колоҳои воридотиро шомили маводи нафтӣ, гандум, мошинолот, равғани хӯрокӣ, маҳсулоти филизӣ ва барқ унвон кард.

Бар асоси гузориши идораи омори Афғонистон арзиши содироти ин кишвар дар соли 1398 муодили 1.5 миллиард доллар будааст.