Феврал 27, 2020 15:13 Asia/Dushanbe
  • Кушта шудани 2 низомии туркияи дар ҳамлаи ҳавоӣ дар Идлиби Сурия

2 низомии туркияи дар ҳамлаи ҳавои дар Идлиби Сурия кушта шуданд.

Ба нақл аз Форс, Вазорати дифои Туркия бомдоди панҷшанбе аз кушта шудани 2 низомии ин кишвар дар ҳамлаи ҳавоӣ дар Идлиби Сурия хабар дод.

Се рӯз пеш низ манобеъи хабарии муоризони Сурия аз кушта ва захмӣ шудани 10 тан аз нерӯҳои артиши Туркия дар ҳамлаи ҷангандаҳои Русия ва Сурия ба маркази дидабонии Туркия дар шаҳраки Кансуфраҳ дар ҷануби Идлиб хабар дод.

Баъд аз мувафақиятҳои артиши Сурия, мақомоти Туркия аз ҷумла шахси Раҷаб Тайиб Эрдуғон раиси ҷумҳурии Туркия дар идомаи прапагандаи худ таҳдид ба амалиёти низоми алайҳи артиши Сурия дар Идлиб кардааст.

Русия ба унвони кишвари зомини тавофуқоти Остона ва Сочӣ таъкид кардааст,ки амалиётҳои ахири артиши Сурия баъд аз нотавонии Туркия дар иҷроии мафоди тавофуқи Сочӣ будааст ва Маскав ҳамчунон ба ҳимоятҳои худ аз давлати қонунии Сурия дар ҷанг алайҳи терорризм идома медиҳад.

Туркия ва Русия дар соли 2018 дар нишасти Сочӣ  низ ба таври вижа дар мавриди устони Идлиб ба тавофуқ расиданд. Эҷоди минтақаи ҳоил барои искони афроди ғайринизомӣ ва ҷудо кардани терорристҳо аз муоризон аз ҷумла тавофуқоти Сочӣ буд,ки Туркия ба унвони робит ва ҳомии мухолифони давлати Сурия, то ба ин лаҳза иқдом ба ҷудосозии мухолифони миёнарав аз терорристҳои ҳозир дар Идлиб накардааст.