Феврал 27, 2020 16:46 Asia/Dushanbe
  • Сармоягузории 70 миллиондолларии Сингапур дар саноати нафти Туркманистон

Як ширкати Сингапур дар назар дорад то 70 миллион доллар дар саноати нафти Туркманистон сармоягузорӣ кунад.

Ба гузориши Форс , ширкати «Yug-Neftegaz Private Limited» мутааллиқ ба Сингапур имсол 70 миллион доллар дар бахши саноати нафти Туркманистон сармоягузорӣ мекунад.

Ин тавофуқнома дар конфронси байналмилалии «нафт ва гази Туркманистон» имзо шуд.

Қарор аст, ин ширкат дар ҳамкорӣ бо «Туркаман нафт» тарҳҳои муштараке дар махзанҳои нафтии Туркманистон иҷро кунанд.

Намояндагони ин ширкатҳо тақвияти ҳамкориҳо дар 80 махзан дар Туркманистон ва афзоиши тавлидоти нафтиро думбол мекунанд.

Ширкати сингапурӣ дар соли 2008 таъмири таҷҳизоти махзанҳои нафтӣ дар ғарби Туркманистонро бар ӯҳда дошт.

Аз он замон ин ширкат дар Туркманистон 369 миллион доллар сармоягузорӣ кардааст.

Дар конфронси байналмилалии мазкур беш аз 300 намоянда аз 113 ширкати саноатӣ аз 40 кишвари ҷаҳон ҳузур доштанд.