Март 01, 2020 12:12 Asia/Dushanbe
  • Тавофуқи Амрико ва Толибон барои таваққуфи ҷанг дар Афғонистон

Саранҷом пас аз яксол музокироти фишурда ва бо вуҷуди нигарониҳо аз мутаваққиф нашудани ҷанг дар Афғонистон, Амрико ва Толибон тавофуқи сулҳ имзо карданд.

Зулмай Халилзод, намояндаи вижаи Амрико дар умури Афғонистон ва Мулло Ғанӣ Бародар, муовини сиёсии Толибон рӯзи шанбе тайи маросиме дар Доҳа, пойтахти Қатар ва дар ҳузури мақомот ва намояндагони кишварҳои мухталиф, тавофуқи сулҳро барои поёни ҷанг дар Афғонистон имзо карданд.

Бар асоси ин тавофуқ, қарор аст, нирӯҳои амрикоӣ ва хориҷӣ ба шарти пойбандии Толибон ба коҳиши хушунат дар Афғонистон дар 14 моҳи оянда ба таври комили ин кишварро тарк кунанд.

Ҳамчунин дар мафоди ин тавофуқнома омадааст, ки ин тавофуқ миёни «Иморати исломии Афғонистон, ки аз сӯи Вашингтон ба расмият шинохта нашуда ва ба номи Толибон шинохта мешавад ва Амрико» имзо шудааст.

Дар ҳамин ҳол, ҳамзамон бо маросими имзои ин тавофуқнома, вазири дифои Амрико дар Арги раёсатҷумҳурии Афғонистон таъкид кард, дар сурати адами пойбандии Толибон ба тааҳҳудоташ, Вашингтон ин тавофуқномаро лағв хоҳад кард.

Тавофуқи сулҳ байни Амрико ва Толибон дар шароите тавассути Халилзод ва Мулло Бардор дар Қатар ба имзо расидааст, ки нигарониҳо дар Афғонистон дар бораи идомаи ҷанг тавассути ин гурӯҳ бар ин тавофуқ соя афкандааст.

Бо таваҷҷӯҳ ба онки пас аз марги Мулло Муҳаммад Умар, бунёнгузори Толибон дар соли 2015, ин гурӯҳ дучори парокандагӣ шуд ва ду тайф аз ҷиноҳи аслии Толибон ҷудо шуданд, ин нигаронӣ вуҷуд дорад, ки ҷанг дар Афғонистон бо вуҷуди имзои ин тавофуқ мутаваққиф нашавад.

Ҷудо шудани ду гурӯҳ аз ҷиноҳи аслии Толибон чанд моҳ пас аз марги Мулло Муҳаммад Умар ва бурузи ҷанг бар сари ҷонишинии вай, сабаб шуда то дар ҳоли ҳозир се гурӯҳ таҳти унвони Толибон дар ҷанги Афғонистон нақш дошта бошанд.

Вуҷуди ин шароит мӯҷиб шуда то мардум, давлат ва гурӯҳҳои мухталифи сиёсӣ, қавмӣ ва мазҳабӣ дар Афғонистон дар бораи идомаи ҷанг дар ин кишвар бо вуҷуди тавофуқ байни ҷиноҳи аслии Толибон бо Амрико, ба шиддат нигарон бошанд.

Ба ҳамин далел аст, ки дар наздик ба ду соли гузашта, бисёре аз шахсиятҳо, маҳофили сиёсӣ ва расонаии Афғонистон бар лузуми даъват аз ҷиноҳҳои ҷудо шудаи Толибон барои ҳузур дар гуфтугӯҳои сулҳ таъкид, доштанд ва ҷиноҳҳои ҷудо шуда аз ин гурӯҳро таҳдиде барои ҳар гуна тавофуқи сулҳ дар ин кишвар муаррифӣ карданд.

Таҷрубаи иҷрои тарҳи як ҳафтаии коҳиши хушунатҳо дар Афғонистон, ки як рӯз қабл аз имзои тавофуқи сулҳ байни Амрико ва Толибон ба итмом расид, нишонае аз дурустии ин нигарониҳо буд.

Бар асоси тарҳи коҳиши хушунатҳо қарор буд, Амрико ва Толибон дар як ҳафтаи гузашта амалиётҳои худро дар манотиқи мухталифи Афғонистон мутаваққиф кунанд, ки гузоришҳои мунташир шуда нишон дод, ки даҳҳо амалиёт ва иқдоми хушунатбор дар ин муддат тавассути аъзои Толибон дар бархе вилоёти ин кишвар анҷом шудааст.

Бо фарзи адами дахолати аъзои вобаста ба ҷиноҳи аслии толибон дар нақзи тавофуқи коҳиши хушунатҳо дар Афғонистон, мушорикати ҷиноҳҳои ҷудо шуда аз ин гурӯҳ дар даргириҳо ва хушунатҳои як ҳафтаи гузашта,чолиши бузург барои тавофуқи сулҳе аст, ки Амрико ва намояндаи ҷиноҳи аслии Толибон дар Доҳа имзо карданд.

Бо таваҷҷуҳ ба таҳдиди ҷиноҳҳои ҷудо шудаи Толибон барои тавофуқи сулҳи ин гурӯҳ бо Амрико ва ҳамчунин ҳузури ДИИШ дар Афғонистон, аз ин пас ташхиси моҳияти авомили даргириҳо дар ин кишвар ва нисбат додани он ба ҳар як аз онҳо ё ҷиноҳи аслии Толибон ба шиддат сахт хоҳад буд, ки ин масъала тавофуқи сулҳи Доҳаро ба шиддат шикананда мекунад.

 

Барчасп