Март 04, 2020 21:08 Asia/Dushanbe
  • Эфиопия: Нақши Амрико дар парвандаи садди “Аннаҳза” ғайридипломатӣ аст

Вазири хориҷаи Эфиопия ифои нақши Амрико барои ҳалли ихтилофот дар парвандаи садди “Аннаҳза” -ро “ғайридипломатӣ” хонд ва дар айни ҳол бар идомаи гуфтугӯ дар ин бора таъкид кард.

Ба гузориши “Форс”, Вазорати хориҷаи Эфиопия хабар дод, ки кишвараш ба музокирот дар бораи садди “Аннаҳза” бо миёнҷигарии Амрико идома медиҳад.

Ин ниҳод дар айни ҳол ба Вашингтон дар бораи суръат бахшидани раванди музокирот ё ҳар гуна талош барои таъсиргузорӣ дар раванди музокирот ҳушдор дод.

Вазири хориҷаи Эфиопия гуфт, ба ақидаи мо баёнияи ахири Амрико ғайридипломатӣ аст.

Тибқи гузориши хабаргузории Фаронса, вазири хориҷаи Эфиопия афзуд, ки мо хоҳони ифои нақши созандаи амрикоиҳо ҳастем ва ғайр аз онро намепазирем.

Вай таъкид кард, ки ҳеҷ қудрате наметавонад монеи кишвараш барои такмили сохти садди “Аннаҳза” шавад.

Вазири хориҷаи Эфиопия гуфт: “Сарзамин ва об моли мост ва пулҳое, ки барои сохти садди “Аннаҳза” ҳазина мешавад, моли мост ва ҳеҷ қудрате наметавонад монеи сохти ин сад шавад”.

Ӯ гуфт, ки иқдоми аввалия барои пур кардани садди “Аннаҳза” то чаҳор моҳи дигар оғоз мешавад ва баёнияи вазорати хазонадорӣ дар бораи адами пур кардани махозини ин сад аз тарафи Аддис - Абеба мардуд аст.