Ифшои сохти озмоишгоҳҳои силоҳи биологии Амрико дар Гурҷистон
Вазорати дифои Русия фош кард, ки Вазорати дифои Амрико (Пентагон) озмоишгоҳҳоеро барои тавлиди силоҳи биологӣ дар Гурҷистон ва дар марзҳои Русия эҷод кардааст.
Ба нақл аз шабакаи телевизионии Русия-Алявм, Вазорати дифои Русия ҷумъашаб ифшо кард, пас аз баррасӣ ва таҳлили парвандаҳои марбут ба фаолияти як тими махсус дар заминаи сохти силоҳи биологӣ мушаххас шуд, ки Амрико бо ҳадафи таҳияи анвоъи вирусҳо барои куштани инсонҳо ва шуюи анвъи беморӣ озмоишгоҳҳоеро барои тавлиди силоҳи биологӣ дар Гурҷистон таъсис ва фаол кардааст.
Вазорати дифои Русия ҳамчунин фош кард, ки Амрико чандин намунагирӣ аз шаҳрвандони русро дар 300 озмоишгоҳ ҷамъоварӣ кардааст, то аз онҳо барои сохти силоҳи биологӣ дар наздики марзҳои Русия истифода кунад.
Русия иқдоми Амрико дар сохти озмоишгоҳҳои силоҳи биологӣ дар Гурҷистонро поймолсозии тамоми конвансионҳои байналмиллалӣ ва таҳдиде барои Маскав ва Пекин донистааст.
Вазорати дифои Русия дар поён эълом кард, ки иқдоми Амрико дар сохти озмоишгоҳ барои тавлиди силоҳи биологӣ дар марзҳои Русия, на танҳо ҷони шаҳрвандони ин кишварро ба хатар меандозад балки таҳдиде барои тамоми кишварҳои ҳамсояи Русия аст.
Ин гузориш ҳокӣ аст тоуни африқоие, ки дар 10 соли гузашта дар минтақаҳои марзии Русия ва Чин бо Гурҷистон шуюъ дошта аз озмоишгоҳҳои амрикоӣ нашъат гирифтааст.
Бара асоси гузориши Вазорати дифои Русия талошҳои биологии Амрико ҳудуди 55 миллиард доллар мустақим ва ғайримустақим ба бахшҳои мухталифи Русия хасорат задааст.