Сояи коронавирус бар сари тавлиди нафти ОПЕК ва ғайри-ОПЕК
(last modified Sat, 07 Mar 2020 15:42:53 GMT )
Март 07, 2020 20:42 Asia/Dushanbe
  • Сояи коронавирус бар сари тавлиди нафти ОПЕК ва ғайри-ОПЕК

Ҳаштумин Нишасти фавқулодаи вазирони нафти аъзои ОПЕК ва ғайри-ОПЕК рӯзи ҷумъа дар мақарри ин созмон дар дабирхонаи ОПЕК бидуни содир намудани баёнияе ба кори худ поён дод.

Зангана, вазири нафти Эрон нишасти рӯзи ҷумъаи аъзои ОПЕК ва ғайри-ОПЕК-ро сахт пешбинӣ карда буд. Ҳамон гуна, ки вазири нафти Эрон пешбинӣ карда буд, ин нишаст бидуни тавофуқ танҳо масири суқути нархи нафтро ҳамвор кард.

Ин нишаст дар ҳоле баргузор шуд, ки манобеи хабарӣ пеш аз ин иҷлос аз мухолифати Русия бо пешниҳоди коҳиши тавлид хабар дода буданд. Раисиҷумҳури Русия рӯзи якшанбе аз нархҳои кунунии нафт дифоъ карда буд ва ба ҳамин далел мухолифати ин кишвар бо тавофуқи коҳиши тавлид дур аз зеҳн набуд. Ин дар шароите аст, ки аз ибтидои ҳафта ва бо наздик шудан ба замони нишасти ОПЕК нархҳо бар мадори суъуд қарор гирифт ва то 52 доллар дар ҳар бушка низ боло рафта буд; аммо адами дастёбӣ ба тавофуқе ҳамаҷониба боис шуд то бозори нафт ба ин мавзӯъ вокуниш нишон диҳад ва нархи нафт ҳудуди 10 дарсад коҳиш ёбад. 

Аъзои ОПЕК дар иҷлоси худ дар рӯзи панҷшанбе тасмим гирифтанд ба манзури муқобила бо асарҳои манфии коронавирус бар бозорҳои ҷаҳонӣ пешниҳоди коҳиши 1/5 миллион бушкаии тавлидро дар нишасти рӯзи ҷумъаи Созмони кишварҳои содиркунандаи нафт (ОПЕК) ва ғайри-ОПЕК пешниҳод диҳанд ба тавре, ки ин мизони коҳиш то поёни соли равон идома пайдо кунад. ОПЕК коҳиши 1/5 миллион бушкаии нафтро ба изофаи коҳиши 1.7 миллион бушкаии кунунии тавофуқи қаблӣ, пешниҳод карда буд.

Аъзои Созмони кишварҳои содиркунандаи нафт (ОПЕК) дар ноябри 2016 тасмим гирифтанд мизони тавлиди худро як миллиону 200 ҳазор бушка дар рӯз коҳиш диҳанд ва ба сатҳи 32 миллиону 500 ҳазор бушка дар рӯз бирасонанд. Даҳ рӯз баъд тавлидкунандагони узви ОПЕК дар нишасте бо 10 кишвари ғайри узви ОПЕК бар сари коҳиши ҳудуди 600 ҳазор бушкаӣ тааҳуд карданд, ки дар ин миён метавон ба тавофуқи коҳиши рӯзонаи 300 ҳазор бушкаии Русия ишора кард. 

Тавофуқи кишварҳои узв ва ғайри узви ОПЕК то поёни соли 2018 тамдид шуд. ОПЕК ва ҳампаймононаш ҳамчунин дар декабри 2019 бо коҳиши як миллиону 700 ҳазор бушка дар рӯз мувофиқат карда буданд, ки муддати иҷрои он то поёни моҳи марти соли равон аст. 

Алексадр Новак, вазири энержии Русия аммо пас аз нишасти муштарак бо Созмони кишварҳои содиркунандаи наф (ОПЕК) эълом кард, ки ин кишвар аз аввали апрел дигар маҳдудияте барои тавлиди нафт нахоҳад дошт. 

Вазири энержии Русия дар хусуси пешниҳоди аъзои ОПЕК афзуд, наметавонем замоне барои нишасти баъдии вазирони ғайри-ОПЕК эълом кунем, ниёз аст, ки вазъияти коронавирус ва рафтори кишварҳои дигар пеш аз мушаххас кардани замони ин нишаст мавриди арзёбӣ қарор бигирад. 

Русия бузургтарин тавлидкунандаи ғайри-ОПЕК аст, ки бо паёмадҳои иқтисодии бархоста аз шуюи коронавирус даргир нест, аммо Ожонси байналмиллалии энержӣ дар гузорише эълом кард, рушди тақозои ҷаҳонӣ барои нафт дар се моҳи нахусти соли равон, 435 ҳазор бушка дар рӯз коҳиш пайдо карда ва ба пойинтарин ҳад дар як даҳаи гузашта расида ва мумкин аст омори пешбинишуда уфти бештаре кунад. 

Акнун бао таваҷҷуҳ ба адами тавофуқ бар сари коҳиши тавлид, ба назар мерасад адами тавозун байни арза ва тақозо тӯли моҳи оянда шадидтар шавад ва шояд шароит ба тавре шавад, ки тавлидкунандагон ногузир аз баргузории нишасти дигаре шаванд. Албатта вазири нафти Эрон гуфтааст, ба далели нигарониҳои беҳдоштӣ бар сари коронавирус, баргузории ҷаласаи дигаре миёни аъзои ОПЕК ва ғайри-ОПЕК душвор хоҳад буд, аммо бадаст омадани тавофуқот бо видеоконфронс мумкин аст.