Октябр 01, 2016 15:32 Asia/Dushanbe
  • Эъломи оташбаси Ҳизби исломии Афғонистон

Ҳизби исломии Афғонистон ба раҳбарии Ҳикматёр бо интишори баёнияе алайҳи ҳукумати ин кишвар эъломи оташбас кард.

Ба гузориши хабаргузории "Тасним", Ҳизби исломӣ ба раҳбарии Ҳикматёр бо интишори баёнияе аз тамоми афроди ин ҳизб хостааст, то баъд аз эъломи имзои тавофуқномаи сулҳ оташбасро риоя кунанд. Ҳизби исломӣ дар баёнияи худ эълом кардааст, бар асоси тавофуқномаи сулҳ, ду тараф мукаллаф ба пойбандӣ ба оташбас ҳастанд.

Дар баёнияи Ҳизби исломӣ омадааст, давлат бояд ба нерӯҳои амниятӣ дастур диҳад, ки то замони тасмими муносиб дар мавриди ҷабҳаҳои низомии ин ҳизб аз ҳар гуна ҳамлаи ошкору пинҳон ба мавзеъҳои Ҳизби исломӣ худдорӣ кунад. "Аъзои Ҳизби исломӣ ҳаққи дифоъ аз худ дар муқобили ҳар гуна ҳамла ё тааррузро доранд", гуфта мешавад дар баёния.

Тавофуқномаи сулҳи ҳукумат ва Ҳизби исломии Афғонистонро рӯзи панҷшанбе Ашраф Ғанӣ, раисҷмҳури Афғонистон ва Гулбиддин Ҳикматёр, раиси ин ҳизб имзо карданд.