Март 10, 2020 11:28 Asia/Dushanbe
  • Оғози коҳиши нерӯҳои Амрико дар Афғонистон

Раванди коҳиши нерӯҳои Амрико дар Афғонистон оғоз шуд.

Ба нақл аз ИРНО, ба рағми ин ки нерӯҳои Амрико бар асоси тавофуқ бо Толибон то 13 июл барои хуруҷ аз Афғонистон фурсат доранд, аммо Вашингтон раванди коҳиши нерӯҳои худро аз ин кишвар оғоз кардааст.

Сарҳанг Сонӣ Легит, сухангӯи нерӯҳои Амрико дар Афғонистон (USFOR-A) дар баёнияе эълом кард, мутобиқи эъломияи муштараки Амрико ва Ҷумҳурии исломии Афғонистон ва тавофуқнома миёни Толибон ва Амрико, раванди коҳиши нерӯҳои Вашингтон ба ҳашт ҳазору 600 нафар дар муддати 135 рӯз оғоз шудааст.

Бар асоси ин баёния, сухангӯи нерӯҳои Амрико дар Афғонистон тамоми ҳадафҳо ва иҷозатномаҳои низомиро барои амалиёт алайҳи Ал-Қоида ва ДИИШ ва пуштибонӣ аз нерӯҳои дифоӣ ва амниятии миллии Афғонистонро ҳифз мекунад.

Тавофуқномаи Амрико ва Толибон пас аз 2 сол талош ва 11 даври гуфтугӯ рӯзи шанбеи гузашта бо ҳузури шуморе аз мақомоти кишварҳои минтақа ва ҷаҳон дар Дуҳа ба имзо расид ва бар асоси он қарор аст то 10-уми март гуфтугӯ байни гурӯҳҳои Афғонистон оғоз шавад.

Ҳамзамон бо имзои тавофуқ миёни Амрико ва Толибон, Афғонистон ва Амрико дар баёнияе муштарак чигунагии ҳамкориҳои ояндаро ташреҳ карда ва аз барномаи 14 моҳаи нерӯҳои низомии Амрико ва ҳампаймононаш барои хуруҷ аз Афғонистон хабар доданд.