Пештозии пас аз мунозираи Ҳилларӣ Клинтон аз Доналд Трамп
(last modified Sat, 01 Oct 2016 13:22:55 GMT )
Октябр 01, 2016 18:22 Asia/Dushanbe
  • Пештозии пас аз мунозираи Ҳилларӣ Клинтон аз Доналд Трамп

Назарсанҷиҳо нишондиҳандаи истиқболи бештари мардуми Амрико ба Ҳиллари Клинтон-номзади демократҳо дар муқоиса бо Доналд Трамп номзади ҷумҳурихоҳ дар интихоботи риёсатҷумҳурӣ аст.

Ба гузориши "СНН", фазои афкори умумӣ дар интихоботи риёсатҷумҳурии Амрико пас аз баргузории аввалин мунозираи зиндаи телевизионии Ҳилларӣ Клинтон ва Доналд Трам ба нафъи номзади демократҳо рақам хӯрдааст.

Дар назарсанҷии ахири Фокснюз, аз мардуми Амрико пурсида шуд, ки ба кадом як аз ин ду номзади интихоботи ҳаштуми ноябри Амрико раъй хоҳанд дод, ки 43 дарсад аз ширкаткунандагон дар ин назарсанҷӣ эълом карданд ба Ҳиллари Клинтон раъй медиҳанд, аммо ба назар 40 дарсад аз амрикоиҳо, Трампи ҷумҳурихоҳ гузинаи беҳтар барои роҳёбӣ ба Кохи Сафед буд.

Муқоисаи натоиҷи ин назарсанҷӣ бо назарсанҷии қаблии ин шабака дар ёздаҳи сентябр, нишон диҳандаи афзоиши фосилаи Трамп аз Клинтон аст.

Дар назарсанҷи қаблӣ, фосила Трамп аз Клинтон фақат як дарсад буд.

Ин аввалин назарсанҷии анҷом шуда дар саросари Амрико пас аз мунозираи интихоботии нахуст, байни Трамп ва Клинтон аст.

Фокснюз ин назарсанҷиро рӯзҳои 27 то 29 сентябр бо ҳошияи хатои се дарсад анҷом дод.

Дар назарсанҷиҳои аёлтӣ низ бахти Клинтон бештар аз Трамп аст.