Март 12, 2020 14:12 Asia/Dushanbe
  • Радди хабари фиристодани нерӯи Русия  ба Афғонистон

Руссия хабари фиристодани нерӯро ба Афғонистон беасос донист.

Бино ба хабаргузории Ирна Сафорати Русия дар Кобул дар як изҳороти эълом кард, ки хабаре, ки рӯзи шанбе интишор шуд ба гуфтаи   намояндаи вижаи Русия дар Афғонистон Замир Коблов, ки " Русия барои мубориза бо терроризм дар Афғонистон омодааст, то нерӯро ба ин кишвар фиристад ", хато аст.

Тибқи изҳорот, намояндаи махсуси Русия дар ин бора изҳори назар накардааст ва роҳбарияти Русия нақшаи шабеҳро баррасӣ накардааст

Ду рӯз пеш расонаҳои Афғонистон ба Sputnik хабаргузории русӣ гуфта буданд, ки Замир Коблов эъломи омодагӣ карда буд, ки  агар ҳукумати Афғонистон расман аз Русия дархости ҳамкорӣ кунад, ин кишвар омода аст то барои мубориза алайҳи  терроризм ба  Афғонистон нерӯҳоро бифиристад.

Тибқи гузориш, Кобулов гуфт, аммо, қабл аз иқдом, мо бояд муколамаи сулҳи байни афғонҳоро, ки манфиатҳои мардуми он ҳифз мешаванд, интизор шавем.