Афғонистон: Толибон иродае барои раванди сулҳ надорад
https://parstoday.ir/tg/news/world-i51845-Афғонистон_Толибон_иродае_барои_раванди_сулҳ_надорад
Шӯрои амнияти миллии Афғонистон эълом кард, Толибон иродаи воқеӣ барои барқарории сулҳ ва таъмини амният дар ин кишвар надорад.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Март 16, 2020 17:54 Asia/Dushanbe
  • Афғонистон: Толибон иродае барои раванди сулҳ надорад

Шӯрои амнияти миллии Афғонистон эълом кард, Толибон иродаи воқеӣ барои барқарории сулҳ ва таъмини амният дар ин кишвар надорад.

Ҷовид Файсал, сухангӯи Шӯрои амнияти миллии Афғонистон рӯзи душанбе аз Толибон хост барои ба натиҷа расидани раванди сулҳ бо давлат таомул ва ҳамкорӣ кунад.

Ҷовид Файсал афзуд, Толибон бояд барои ёфтани роҳи ҳале, ки битавонад ба ҷанг дар Афғонистон поён диҳад ва раҳоии зиндониёни ин гурӯҳро фароҳам кунад, талош кунад.

Ашраф Ғанӣ ахиран фармонеро содир кардааст, ки панҷҳазор зиндонии Толибон ба таври тадриҷӣ аз зиндонҳои Афғонитсон озод мешаванд. Аммо Толибон ин раванди озодии зиндониёнро напазируфта ва фармондеҳони он эълом карданд, ин тарҳ хилофи тавофуқномаи онҳо бо амрикоиҳо аст ва давлат бояд тамоми панҷҳазор зиндонии ин гурӯҳро якҷо озод кунад, мавзӯе, ки давлати Кобул онро напазируфта аст.