Март 17, 2020 20:10 Asia/Dushanbe
  • Фарохони Гутерриш барои иттиҳоди кишварҳои ҷаҳон дар муқобила бо вируси корона

Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид ҳамкорию иттиҳоди ҳамаи кишварҳо ва мардуми ҷаҳонро барои ғалаба бар вируси корона хостор шуд.

Ба гузориши хабаргузории “Форс”, Антониу Гутерриш, дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид дар паёме хитоб ба кишварҳои ҷаҳон дар бораи вируси корона иттиҳоди ҳамагонро барои ғалаба бар ин вирус хостор шуд. Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид дар бахше аз ин паём вируси коронаро душмани муштараки милали ҷаҳон баршумурд ва гуфт: “Бояд алайҳи ин вирус эъломи ҷанг кунем ва ин ба маънои иттиҳоди кишварҳо дар ин замина аст”.

Гутерриш бо ишора ба хисоратҳои воридшуда бар иқтисоди ҷаҳонӣ гуфт, ки бар асоси тахминҳо, дастикам як триллион доллар (шояд бештар) ба иқтисоди ҷаҳонӣ осеб ворид шудааст.

Оморҳои ҷадид нишон медиҳад, то кунуни ҳудуди 180 ҳазору 700 нафар ба вируси корона мубтало шуда, ҳудуди 7 ҳазору 500 нафар низ фавт кардаанд.