Дабири кулли Созмони Ҷаҳонии Беҳдошт: Бӯҳрони коронавирус шабеҳи вазъияти ҷангӣ аст
Март 18, 2020 12:01 Asia/Dushanbe
Дабири кулли Созмони Ҷаҳонии Беҳдошт дар ҳушдоре, бӯҳрони коронавирусро шабеҳи вазъияти ҷангӣ донист.
Ба нақл аз шабакаи хабарии France 24, Тедрос Адҳаном, дабири кулли Созмони Ҷаҳонии Беҳдошт эълом кард, ки коронавирус ба суръат дар ҳоли густариш аст ва давлатҳо дар ҷаҳонро водоштааст, то маҳдудиятҳое аз ҷумлаи бастани ниқоб, судури дастури қарантинаи хонагӣ ва мамнӯияти баргузории таҷаммӯоти умумӣ эъмол кунанд, ки ин ҳолат хеле кам дар замони ғайриҷангӣ мушоҳида шудааст.
Дар ҳоле, ки мавориди тасдиқшуда дар бораи ибтило ба коронавирус аз марзи 189 000 нафар гузашта, дабири кулли Созмони Ҷаҳонии Беҳдошт аз ҳамаи кишварҳо хост, ҳар мавриди машкук ба ин бемориро озмоиш кунанд.