Эҳтимоли карантин шудани пойтахти Жопон
Шаҳрдори Токио ҳушдор дод агар шумори мубталоён ба коронавирус бо афзоиши чашгире рӯбарӯ шавад, пойтахти Жопон карантин хоҳад шуд.
Ба гузориши рӯзи сешанбеи Рейтерз, Юрико Киюке бо ҳушдор нисбат ба эҳтимоли шуюи сареъи коронавирус аз мардуми Жопон ба хусус беморони қалбӣ ва риявӣ хост барои ҳифзи ҷону саломатии худ масоили беҳдоштиро комилан риоят кунанд ва дар хона бимонанд.
Вай гуфт шаҳрвандони Токио бояд шароити буҳрониро дарк кунанд ва ҳамкории бештаре бо Вазорати тандурустӣ дошта бошанд.
Вазорати умури хориҷаи Жопон низ рӯзи якшанбе ба шаҳрвандонаш тавсия кард аз ҳаргуна сафари ғайризарурӣ ба Амрико дар пайи шуюи коронавирус худдорӣ кунанд.
Раиси Кумитаи олемпии Жопон низ аз эҳтимоли ба ақиб афтодани баргузории бозиҳои Олемпии 2020 аз беми шуюи коронавирус хабар дод.
То кунун 49 нафар дар Жопон ба далели ибтило ба коронавирус ҷон бохтаанд.