Март 24, 2020 18:29 Asia/Dushanbe
  • Идомаи талошҳои Покистон барои лағви таҳримҳои Амрико зидди Эрон

Вазири умури хориҷаи Покистон дар тамосҳои ҷудогона бо ҳамтои фаронсавӣ ва испании худ, бар лузуми лағви таҳримҳои якҷонибаи Амрико зидди Эрон таъкид кард.

Вазорати умури хориҷаи Покистон бо судури баёнияе эълом кард, Шоҳ Маҳмуд Қурайшӣ рӯзи сешанбе дар тамоси телефонӣ бо ҳамтои фаронсавӣ ва испании худ гуфт: Таҳримҳои Амрико зидди Эрон бояд фавран лағв шавад, то Эрон битавонад муассиртар аз қабл, барои мубориза бо коронавирус иқдом кунад.

 Жан- Ив Ле Дриан, вазири умури хориҷаи Франсия низ дар ин тамоси телефонӣ коронавирусро чолиши ҷаҳонӣ хонда гуфт: Мавзӯи лағви таҳримҳои Эрон ва мушкилоти иқтисодии ношӣ аз ин бӯҳрони ҷаҳонӣ дар кишварҳои дар ҳоли тавсиа, дар ҷаласоти гурӯҳи 20 матраҳ хоҳад шуд.

 

Барчасп