Таҳаррукоти Амрико барои ҳамла ба мақарҳои Ҳашдушшаъбӣ дар шаш устони Ироқ
https://parstoday.ir/tg/news/world-i52256-Таҳаррукоти_Амрико_барои_ҳамла_ба_мақарҳои_Ҳашдушшаъбӣ_дар_шаш_устони_Ироқ
Як манбаи амниятии ироқӣ аз таҳаррукоти амрикоиҳо дар шаш устони ин кишвар хабар дод.
(last modified 2025-10-08T08:30:18+00:00 )
Апрел 01, 2020 18:29 Asia/Dushanbe
  • Таҳаррукоти Амрико барои ҳамла ба мақарҳои Ҳашдушшаъбӣ дар шаш устони Ироқ

Як манбаи амниятии ироқӣ аз таҳаррукоти амрикоиҳо дар шаш устони ин кишвар хабар дод.

Ба нақл аз ИСНО, ба нақл аз шабакаи хабарии Сумерия-Ниюз, ин манбаи амниятӣ эълом кард: Масъулони амрикоӣ ба фармондеҳии амалиёт эълом кардаанд ба иттихози иқдомот алайҳи гурӯҳҳое, ки ҷони сарбозон ва шаҳрвандони амрикоӣ  дар Ироқро таҳдид мекунад пойбанд ҳастанд.

Амрикоиҳо пештар гурӯҳҳои мусаллаҳ дар Ироқро ба ҳамлаи мушакӣ ба пойгоҳҳои амрикоӣ  муттаҳам карда буданд.

Ин манбаъ афзуд: Масъулони амрикоӣ муътақиданд нотавонии давлат аз ошкор кардани муҳтавои таҳқиқаш дар бораи ҳадаф қарор додани подагони Ал-Тоҷӣ  дар 11 март далеле бар  нотавоноии ин кишвар барои тасмимгирӣ ва ба даст гирифтани контроли умур аст. Амрикоиҳо дар суртиҳои парвозашон дар рӯзҳои ахир бар манотиқи ҷануби Куркук, шарқи Салоҳиддин, Диёлӣ, ғарби Алъанбор, шимоли Бобил ва ғарби Карбало мутамаркиз будаанд. Инҳо манотиқе аст, ки подгонҳои аслии Ҳашдушшаъбӣ дар онҷо воқеъ аст.