Ню-Йорк Таймс: Ҷанг дар Афғонистон дастоварде надоштааст
(last modified 2016-10-03T05:32:53+00:00 )
Октябр 03, 2016 10:32 Asia/Dushanbe
  • Ню-Йорк Таймс: Ҷанг дар Афғонистон дастоварде надоштааст

Рӯзномаи амрикоии Ню-Йорк Таймс дар гузорише навишт: Бекории рӯзафзун ва ба қудрат расидани Толибон дар бахшҳое аз Афғонистон, баёнгари бенатиҷа будани ҷанги Амрико дар ин кишвар аст.

Ба иттилои хабаргузории Форс, Ню-Йорк Таймс дар ёддоште бо унвони озмуни 15 солаи ҷанг дар Афғонистон навишт: Бо хуруҷи нерӯҳои НАТО, бекорӣ гиребонгири афғонистониҳо шуда ва Толибон дар бахшҳое аз ин кишвар ба қудрат расидааст ва ҳамаи инҳо ҳикоят аз ин дорад, ки ин ҷанг барои Афғонистон ва Амрико дастоварде надоштааст .

Ню-Йорк Таймс тасреҳ кард: Болгардҳои низомӣ мудом дар ҳоли интиқоли нерӯҳои амрикоӣ ва афғонистонӣ ҳастанд, мавонеи бетонӣ барои ҷилавгирӣ аз ҳамалоти интиҳорӣ дар атрофи сохтмонҳои давлатӣ ва сафоратхонахоҳо қад алам кардааст ва ҳамаи инҳо нишон аз ин дорад, ки баъд аз 15 сол ҷанг, ба майдони аввали ин набарди фарсоишӣ расидаем .

Ин рӯзномаи амрикоӣ навишт, ки 15 соли пеш Иёлоти Муттаҳида барои ҷанг бо Алқоида ва Толибон вориди Афғонистон шуд, аммо баъд аз солиёни дароз эҳсос мешавад, ки ба нуқтаи аввал расида ва чизе барои нишон додан надорем .