Апрел 05, 2020 13:08 Asia/Dushanbe
  • Шумори мубталоён ба коронавирус дар Амрико аз 300 ҳазор нафар гузашт

Охирин оморҳо ҳокӣ аст, ки шумори мубталоён ба КОВИД19 дар Амрико бо фосилаи бисёр зиёд аз дигар кишварҳо, аз 300 ҳазор нафар убур кард.

Ба нақл аз ИРНО; торнамои арзёбиҳои ҷаҳонӣ (worldometers), ки оморҳои расмии муртабит бо шуюи вируси корона дар ҷаҳонро ба сурати лаҳзаӣ мунташир мекунад, эълом кард, ки шумори мубталоён ба ин вирус дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико аз 300 ҳазор нафар убур кардааст.  

Шумори мубталоён ба коронавирус дар Амрико то ҳудуди 2 ҳафта пеш зери 12 ҳазор нафар ва теъдоди ҷонбохтагон бар асари ибтило ба ин вирус камтар аз 200 тан буд, аммо Иёлоти Муттаҳида дар ду ҳафтаи ахир шоҳиди рушди тасоудии мубталоён ба КОВИД19 буд.  

Суръати рушди шумори мубталоён ба коронавирус дар Амрико ба ҳадде зиёд шуда, ки ин омор дар се рӯзи гузашта беш аз 100 ҳазор нафар рушд доштааст.  

Иёлати Нию-Йорк бо наздик ба 115 ҳазор мубтало ба коронавирус болотарин нархи мубталоёнро дар миёни иёлатҳои Амрико ба худ ихтисос додааст.  

То кунун 8 ҳазору 348 нафар дар Амрико ба далели ибтило ба коронавирус ҷони худро аз даст додаанд.

Раиси ҷумҳури Амрико, ки талош мекард асари вируси коронаро ночиз тавсиф кунад, асри шанбе эътироф кард, ки ду ҳафтаи пеши рӯйи Амрико дар асари КОВИД19 маргбор хоҳад буд.

 

 

Барчасп