Апрел 06, 2020 14:33 Asia/Dushanbe
  • Дархости мақомоти Афғонистон барои бозгашти пизишкони тоҷик

Мақомоти минтақаи марзии Нусой дар фармондории Дарвози вилояти Бадахшони Афғонистон аз ҳукумати Тоҷикистон дархост кардаанд, ки пизишкони тоҷикро барои фаолият ба бемористони ин минтақа бозгардонанд.

Ба нақл аз сомонаи Авесто, ба гуфтаи мақомоти афғон дар минтақаи Нусой, ин пизишкони тоҷик дар танҳо бемористони ин минтақа фаолият мекарданд, ки як моҳ қабл ба Тоҷикистон бозгаштанд ва таҳти карантин қарор гирифтанд.  

Набуди ин пизишкон акнун ба мушкили ҷиддӣ барои беморони афғон дар ин минтақа табдил шудааст.  

Ин дар ҳоле аст, ки даврони карантини ин пизишкон дар Тоҷикистон ба поён расида ва далели бознагаштани онон ба Афғонистон мушаххас нест.  

Аз сӯи дигар  Абдуғафор Гардиш аз мақомоти минтақа эълом кардааст, ки дар минтақаи марзии Нусой ҳеҷ мавриде аз ибтило ба вируси корона мушоҳида нашуда ва пизишкони тоҷик метавонанд ба маҳалли кори қаблии хеш бозгарданд.  

Вай гуфтааст, ки ба далели афзоиши ҳамалоти Толибон дар ин минтақа афроди зиёде захмӣ шудаанд, ки ниёз ба дармони фаврӣ доранд.