Апрел 08, 2020 18:52 Asia/Dushanbe
  • Севумин гаштзании муштараки Туркия ва Русия пас аз оташбаси ахири Идлиб

Вазири дифои Туркия аз иҷрои севумин гаштзании муштараки низомиёни ин кишвар ба ҳамроҳи низомиёни Русия дар Идлиб, баъд аз ҳусули тавофуқи оташбас хабар дод.

Ҳулуси Акар, вазири дифои Туркия аз анҷоми севумин гаштзании муштараки низомиёни ин кишвар бо Русия дар Идлиб хабар дод.

Ба гузориши “Форс”, вай афзуд, севумин амалиёти гаштзании муштарак дар Идлиб ба ҳамроҳи низомиёни рус рӯзи чаҳоршанбе анҷом шуд ва ин гаштзаниҳо боз ҳам идома хоҳад ёфт.

Аввалин гашти муштараки ду тараф баъд аз афзоиши танишҳо миёни Анкара ва Москав дар Идлиб, ки боиси таваққуфи ин амалиёти муштарак дар чорчӯби тавофуқи Остона шуда буд, рӯзи 15 марти соли 2020 иҷро шуда буд.

Раҷаб Тайиб Эрдуғон, раисҷумҳури Туркия ва Владимир Путин, раисҷумҳури Русия рӯзи панҷуми март дар дидори худ дар Маскав дар бораи барқарории оташбас дар Идлиб ва ҳамчунин иқдомоти дигар бо ҳадафи ҳалли буҳрони Идлиб тавофуқ карда буданд.