Апрел 09, 2020 11:54 Asia/Dushanbe
  • Тасмими давлати Амрико барои хуруҷи шаҳрвандони худ аз Тоҷикистон

Давлати Амрико мехоҳад шаҳрвандони худро аз Тоҷикистон хориҷ кунад.

Бино ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз сомонаи Авесто, ба далели кам будани теъдоди шаҳрвандони амрикоӣ дар Тоҷикистон хориҷ кардани ин афрод барои охирҳои моҳи апрел ва аввали моҳи май барномарезӣ шудааст.

Бо ин мақсад, бояд иҷозати махсус барои ҳавопаймо барои интиқоли шаҳрвандони амрикоӣ аз Тоҷикистон дода шавад. Чиптаҳои ин парвоз барои як шахс тақрибан 1500 доллар арзиш доранд.

Сафорати Амрико дар Душанбе бо ишора ба баста будани фурудгоҳи пойтахти Тоҷикистон барои парвозҳои дохилӣ ва хориҷӣ бо мақсади пешгирӣ аз густариши коронавирус дар ин кишвар гуфт, ки оғози дубораи парзозҳо ба тасмими мақомоти Тоҷикистон вобастагӣ дорад.

Аммо, барои таъини парвозҳои хориҷӣ аз фурудгоҳи Душанбе ягон вақти мушаххас таъин нашудааст.