Фатвои оятуллоҳ Систонӣ дар бораи рӯзаи моҳи Рамазон дар шароити корона
Марҷаи олиқадри ҷаҳони ислом дар Ироқ имрӯз (шанбе) ба саволе дар бораи рӯзаи моҳи мубораки Рамазон дар сояи шуюи вируси корона посух гуфтанд.
Ба нақл аз ИСНО, Дафтари оятуллоҳ Саидалии Систонӣ- марҷаи олиқадри ҷаҳони ислом дар Ироқ бо судури баёнияе дар посух ба саволе дар бораи рӯзаи моҳи мубораки Рамазон дар сояи шуюи вируси корона ва тавсияҳои пизишкон ба нӯшидани моеъот таъкид кард: Гирифтани рӯзаи моҳи Рамазон як таклифи фардӣ аст ва ҳар кас, ки шароити гирифтани онро дошта бошад бояд фориғ аз ин ки барои дигарон воҷиб бошад ё не, рӯза бигирад.
Ӯ ҳамчунин баён кард: Аммо агар моҳи Рамазон ҳулул кунад ва фарди мусулмон беми он дошта бошад, ки бо рӯза гирифтан валав бо гирифтани ҳамаи тадобири эҳтиётӣ ва пешгирона, ба корона мубтало мешавад, гирифтани рӯзаи ҳар рӯзе, ки метарсад дар сурати рӯза гирифтан ба ин беморӣ мубтало мешавад, аз ӯ соқит мешавад.
Дар ин фатво омадааст: Аммо агар мусулмон битавонад эҳтимоли ибтило ба бемориро бо мондан дар хона ва набуди ихтилоти наздик бо дигарон ва ё истифода аз ниқоби тиббӣ ва дасткашҳои пизишкӣ ва риояти мавориди зидди уфунӣ мукаррар ва назири он тазъиф кунад ва ҳамчунин агар дар ӯ ҳеҷ сахтии шадид ва ғайриқобили таҳаммуле вуҷуд надошта бошад, гирифтани рӯза аз ӯ соқит намешавад.
Дар идомаи баёнияи Дафтари оятуллоҳ Систонӣ ҳамчунин омадааст: Дар бораи тавсияи пизишкон ба нӯшидани мудовими об ва моеъот барои ҷилавгирӣ аз коҳиши оби мавҷуд дар бадан ва хушк шудани ҳалқ ба унвони ду омили афзоиши эҳтимоли ибтило ба корона, бояд гуфт; Ин тавсия танҳо гирифтани рӯзаро барои афроде соқит мекунад, ки беми ибтило ба корона дар сурати рӯза гирифтанро доранд ва ҳеҷ роҳе барои заъиф кардани эҳтимоли ибтило ба ин вирус чи аз тариқи мондан дар хона ва роҳҳои дигарро надоранд.
Оятуллоҳ Систонӣ ҳамчунин баён кард: Касоне, ки метавонанд фаолият ва шуғли худро дар моҳи Рамазон таътил карда ва дар хона бимонанд, тавре, ки худашонро аз хатари эҳтимоли ибтило ба корона ҳифз кунанд, гирифтани рӯза аз онҳо соқит намешавад. Аммо афроде, ки имкони таътилии кор ва шуғл барояшон фароҳам нест ва наметавонанд иқдомотеро анҷом диҳанд, ки онҳоро дар муқобили ибтило ба вирус дар амон нигаҳ дорад, рӯза бар ин афрод воҷиб нест аммо набояд дар ҷои серодам чизе бинӯшанд ё бихуранд.
Дар поёни ин фатво омадааст: Рӯзаи моҳи Рамазон яке аз муҳимтарин воҷиботи шаръӣ аст ва танҳо бо доштани узри воқеӣ аз банда соқит мешавад ва ҳар инсоне медонад, ки узри воқеӣ барои рӯза нагирифтанро дорад ё не.