Апрел 12, 2020 13:52 Asia/Dushanbe
  • Гирдиҳамоии нахуствазирони АвруОсиё; суботи иқтисодӣ меҳвари музокирот

Мавзӯи ҳифзи суботи иқтисодӣ дар нишасти нахуствазирони Иттиҳодияи иқтисодии АвруОсиё баррасӣ мешавад.

Ба нақл аз Форс, бар асоси ин гузориш нишасти мазкур ба сурати видеоконфронс баргузор мешавад.

Қарор аст нахуствазирони кишварҳои минтақа барномаи ҳифзи суботи иқтисодӣ дар фазои Иттиҳодияи АвруОсиё дар шароити густариши бемории КОВИД- 19-ро баррасӣ кунанд.

Илова бар ин роҳбурди иттиҳодия барои тавсеаи ҳамгароии иқтисодӣ то соли 2025 мавриди таваҷҷуҳи мақомоти баландпоя қарор мегирад.

Мавзӯъҳое монанди тиҷорати электроник, пардохти таърафаҳои гумрукӣ бо истифода аз воҳидҳои молии миллӣ ва дигар масъалаҳо матраҳ мешавад.

Тибқи барномаи расмӣ қарор буд ин нишаст дар шаҳри Мински Беларус баргузор шавад, аммо ба далели шуюи корона ҷаласа аз тариқи интернет барпо мешавад.

Иттиҳодияи иқтисодии АвруОсиё аз кишварҳои Русия, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон ва Арманистон ташкил шудааст.