Апрел 12, 2020 20:51 Asia/Dushanbe
  • Таъкиди Эрон бар ваҳдат миёни гурӯҳҳои мухталиф дар Афғонистон

Вазири умури хориҷаи Эрон ва сарпарасти Вазорати умури хориҷаи Афғонистон дар хусуси ҳамкориҳои дуҷониба гуфтугӯ карданд.

Муҳаммадҷаводи Зариф, вазири умури хориҷаи Эрон рӯзи якшанбе дар гуфтугӯи телефонӣ бо Ҳаниф Атмар, сарпарасти Вазорати умури хориҷаи Афғонистон бар лузуми ваҳдат миёни гурӯҳҳои мухталиф ва барқарории сулҳу субот дар ин кишвар ва ҳамчунин густариши ҳамкориҳои дуҷониба таъкид кард.

Вазири хориҷаи Эрон сешанбеи гузашта(7 апрел) низ дар тамосҳои телефонӣ ҷудогона бо Муҳаммад Ашраф Ғанӣ ва Абдуллоҳ Абдуллоҳ дар хусуси охирин вазъияти сиёсии Афғонистон ва ихтилофоти эҷодшуда пас аз интихоботи охири раёсатҷумҳурии ин кишвар гуфтугӯ ва табодули назар карданд.

Барчасп