Апрел 15, 2020 12:38 Asia/Dushanbe
  • Шумори қурбониёни корона дар Амрико аз 26 ҳазор нафар гузашт

Оморҳои ҷадид нишон медиҳад, шумори қурбониёни вируси корона дар Амрико ба беш аз 26 ҳазор нафар расидааст.

Ба гузориши пойгоҳи иттилоърсонии worldometer, бино бар омор ва арқоми Донишгоҳи Ҷонз Ҳопкинз маҷмӯи қурбониёни вируси корона дар Амрико ба 26 ҳазору 47 нафар ва маҷмӯи мубталоён низ ба 613 ҳазору 886 нафар афзоиш ёфтааст.

Омор ва арқоми мунташиршуда ҳокӣ аз он аст, ки тайи 24 соати гузашта ( то поёни рӯзи сешанбе)  беш аз ду ҳазору  300 нафар ба шумори қурбониёни вируси корона дар Амрико афзуда шудааст.

Бо густариши шуюи вируси корона дар Амрико интиқод аз амалкарди Доналд Трамп, раиси ҷумҳури ин кишвар низ ба шидаат афзоиш ёфтааст.

Нансӣ Плосӣ, раиси Маҷлиси намояндагони Амрико дар интиқод аз амалкарди Трамп барои муқобила бо вируси корона дар Твиттер навишт: Воқеият ин аст, ки фарди заиф ва раҳбари нотавон, ҳеҷ масъулияте қабул намекунад, аммо ин фарди заиф дигаронро маломат мекунад.

Плосӣ дар идома навишт:  Доналд Трамп зерсохтеро, ки ба ӯ дода шуда буд, аз байн бурд зерсохте, ки қарор буд аз он барои барномарезӣ ҷиҳати ғалаба бар ҳамагирии вируси корона истифода шавад ва ин амр ба марги ғайризарурии афрод ва фоҷеаи иқтисодӣ мунҷар шуд.

 

Барчасп