Русия: Амрико ситез бо Созмони Ҷаҳонии Беҳдоштро мутаваққиф кунад
Муовини вазири умури хориҷаи Русия аз Амрико хост, ҳамалот ва иқдомоти худро алайҳи Созмони Ҷаҳонии Беҳдошт мутаваққиф кунад.
Ба гузориши хабаргузории “Форс”, Сергей Рябков, муовини вазири умури хориҷаи Русия имрӯз - чаҳоршанбе аз иқдоми Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико, мабнӣ бар таъхири кумакҳои молии ин кишвар ба Созмони Ҷаҳонии Беҳдошт интиқод ва таъкид кард, Вашингтон бояд ҳамлаи бештар ба ин созмонро мутаваққиф кунад.
Ин мақоми рус гуфт, Созмони Ҷаҳонии Беҳдошт ба таври комил мунтабиқ бо меъёрҳои худ кор мекунад ва мавриди эҳтироми ағлаби кишварҳои ҷаҳон, аз ҷумла донишмандон ва пизишкони мутахассис қарор дорад.
Рябков аз Амрико хост, дар қиболи Созмони Ҷаҳонии Беҳдошт рӯйкарди масъулона пеш гирад.
Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико имрӯз - чаҳоршанбе бо муттаҳам кардани Созмони Ҷаҳонии Беҳдошт ба сӯимудирият ва пинҳонкорӣ дар буҳрони шуюъи корона, кумакҳои молии Амрико ба ин созмонро мутаваққиф кард.
Антонио Гутерреш, дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид дар вокуниш ба ин тасмими Трамп таъкид кард, Созмони Ҷаҳонии Беҳдошт бояд мавриди ҳимоят қарор гирад, зеро дар хатти муқаддами набарди ҷаҳонӣ бо бемории ковид - 19 қарор дорад.