Апрел 17, 2020 18:33 Asia/Dushanbe
  • Афзоиши шумори ҷонбохтагон ва мубталоён ба корона дар Афғонистон ва Покистон

Шумори ҷонбохтагон ва мубталоён ба вируси корона дар Афғонистон ва Покистон афзоиш ёфт.

Вазорати беҳдошт ва дармони Афғонистон рӯзи ҷумъа эълом кард, 66 бемори ҷадиди мубтало ба вируси корона дар шабонарӯзи гузашта дар ҳафт вилояти Афғонистон, аз ҷумла бистушаш нафар дар Кобул ва понздаҳ нафар дар Қандаҳор шиносоӣ шуданд ва маҷмӯи мубталоён ба ин беморӣ ба нӯҳсаду шаш нафар афзоиш ёфт.

 Ваҳидуллоҳ Моёр, сухангӯи Вазорати беҳдошт ва дармони Афғонистон гуфт, дар шабонарӯзи гузашта чиҳилупанҷ бемори вируси корона беҳбуд ёфтаанд ва теъдоди онҳо ба навадунуҳ нафар расида ва шумори фавтиҳои ин вирус ҳамчунон сӣ нафар аст.

Шумори мубталоён ба вируси корона дар Покистон ҳам тайи дувоздаҳ соати гузашта афзоиши чашмгире доштааст.

Расонаҳои Покистон эълом карданд, тайи дувоздаҳ соати гузашта чаҳорсаду наваду ҳафт (497) мавриди ҷадиди ибтило ба корона дар Покистон ба сабт расид то бад-ин тартиб шумори мубталоён ба корона дар ин кишвар ба ҳафт ҳазору биступанҷ нафар афзоиш ёбад.

Вазорати беҳдошти Покистон эълом кард, бо сабти ёздаҳ мавриди ҷадиди фавти ношӣ аз вируси корона, теъдоди қурбониёни ин вирус дар Покистон низ ба саду сивупанҷ (135) нафар расидааст.