Апрел 19, 2020 09:58 Asia/Dushanbe
  • Гирифтории кормандони кохи раёсати ҷумҳурии Афғонистон ба корона

Бист нафар аз коркунони кохи раёсати ҷумҳурии Афғонистон ба корона гирифтор шудаанд.

Ба гузориши Садои Хуросон, хабаргузории Фаронса шанбешаб ба нақл аз як мақоми  давлатии Афғонистон, ки хост номаш фош нашавад гузориш дод, ҳудуди 20 нафар дар кохи раёсати ҷумҳурӣ ба вируси корона мубтало шудаанд, аммо ин масъала пинҳон нигаҳ дошта шуда, то ваҳшат эҷод накунад.

Як мақоми дигари афғон ин рақамро таъйид кард ва гуфт, ки 12 нафар аз аъзои дафтари иҷроии раиси ҷумҳурӣ низ ба корона гирифтор шудаанд.

Сиддиқ Сиддиқӣ- сухангӯи раиси ҷумҳурӣ аз изҳори назар дар ин бора худдорӣ кард.

Ашраф Ғанӣ 70 сол син дорад ва ба тозагӣ даври дувуми раёсати ҷумҳурии худро оғоз кардааст.

Тасвирҳое, ки ахиран аз Ашраф Ғанӣ мунташир шуда, вайро дар ҳоле нишон медиҳад, ки дасткаш пӯшида ва ниқобак задааст.

Дар Кобул- пойтахти Афғонистон маҳдудиятҳое барои муқобила бо корона ба иҷро гузошта шуда ва ҳама ниҳодҳои давлатӣ таътил шудааст.

Бар асоси оморҳои расмӣ то кунун 933 нафар дар Афғонистон ба корона мубтало гашта ва 33 нафар низ ҷон бохтаанд.