Апрел 20, 2020 23:46 Asia/Dushanbe
  • Вокунишии Созмони ҳамкории исломӣ ба афзоиши хушунатҳо алайҳи мусулмонони Ҳиндустон

Комиссияи ҳуқуқи башари Созмони ҳамкории исломӣ афзоиши хушунат алайҳи мусулмонони Ҳиндустон ҳамзамон бо густариши вируси корона дар ин кишварро маҳкум кард.

Комиссияи доимии мустақили ҳуқуқи башар дар Созмони ҳамкории исломӣ тайи баёнияе бо бешармона хондани исломҳаросӣ дар Ҳиндустон ва иттиҳоми густариши корона алайҳи мусулмонон аз Деҳлии нав хост, то дар масири таъмини ҳуқуқи ҷомеаи исломӣ гом бардорад.

 Дар пайёми твиттерии ин комиссия омадааст: Манфигароӣ дар расонаҳои Ҳиндустон низ мусулмононро ҳадафи хушунат ва рӯйкарди табъизомез қарор додааст.

 Ҳиндуҳои ифротӣ дар рӯзҳои ахир аз буҳрони корона сӯистифода карда бо муттаҳам сохтани мусулмонон ба дасиса алайҳи кишвар, онҳоро ҳадафи ҳамлаҳои худ қарор медиҳанд.

  Дар моҳи феврал Деҳлии нав шоҳиди ҳамлаҳои маргбори ифротиёни ҳинду ба мусулмонон буд, ки ба марги 54 нафар мунҷар шуд.

 Баёнияи Комиссияи мустақили ҳуқуқи башари Созмони ҳамкории исломӣ дар бешармона хондани исломҳаросӣ дар Ҳиндустон ва идомаи хушунатҳо алайҳи мусулмонон ба рӯйкарде ишора дорад, ки аз тобистони гузашта ва бо иқдоми ҷанҷолбарангези ҳизби ҳокими БҶП дар бекор кардани  худмухтории вижаи  Кашмир дар дастури кори давлати Ҳиндустон қарор гирифтааст.

 Давлати Ҳиндустон дар августи 2019 бо бекор кардани худмухтории вижаи Кашмир амалан иҷрои фишор ва поймолсозии ҳуқуқи мусулмононро калид зад ва вокуниши ҷиддӣ нишон надодани ниҳодҳои минтақаӣ ва байналмиллалӣ аз ҷумла Созмони Миллал муҷиби идомаи ин иқдомоти таҳрикомези мақомоти Деҳли Нав шуд.

  Аз тобистони гузашта то кунун давлати Ҳиндустон бо иҷрои маҳдудиятҳои густурда алайҳи мусулмонон аз баргузории маросимҳо ва ойини мазҳабии онон низ дар манотиқи мухталифи ин кишвар ҷилавгирӣ кардааст, ки ин масъала бархилофи асли пазируфташудаи байналмиллалӣ дар эҳтиром ба ҳуқуқи динҳо ва мазҳабҳо дар баргузории озодии ойинҳои хеш аст.

 Давлати Ҳиндустон дар иқдоми дигаре, ки табъизи ошкори мазҳабӣ алайҳи мусулмонон аст, судури иҷозатномаи иқомат ва шаҳрвандиро танҳо барои муҳоҷирони ғайримусулмон имконпазир кардааст, ки ин масъала хашми ҷомеаи мусулмонон, гурӯҳҳои сиёсӣ ва ҳамчунин афкори умуми Ҳиндустонро барангехтааст.

 Рӯйкарди зиддиисломии Ҳиндустон дар моҳҳои ахир, ки бо ироаи лоиҳаи шаҳрвандӣ ба авҷи худ расид, сабаб шуд то даҳҳо шаҳр дар ин кишвар ба саҳнаи тазоҳуроти мардумӣ алайҳи сиёсатҳои табъизомез ва таҳрикомези давлати Деҳлӣ нав дар ҳимоят аз ҳуқуқи мусулмонон табдил шавад.

Сиёсати давлати Ҳиндустон дар саркӯб ва поймолсозии ҳуқуқи мусулмонон дар ин кишвар мӯҷиб шуд, то ҳиндуҳои ифротӣ дар сояи ҳимояти ҳизби тундрав ва миллигаройи ҳоким ба аъмоли маргбор зидди мусулмонон даст зананд.  

 Ба оташ кашида шудани камаш даҳ масҷид ва макони муқаддаси мусулмонон дар Ҳиндустон аз дигар иқдомҳои зиддибашарӣ ва исломситезонаи ҳиндуҳои ифротӣ дар наздик ба ду моҳи гузашта будааст, ки ба гуфтаи шоҳидони айнӣ, полис ва нируҳои амниятии ин кишвар дар муқобили ин хушунатҳо танҳо назорагар ҳастанд.

Дар чунин шароите интизори ҷаҳони ислом аз Созмони ҳамкории исломӣ он аст, ки бо анҷоми иқдомоти фаврӣ гоми таъсиргузоре дар таваққуфи хушунатҳои маргбор алайҳи мусулмонон ва вайронсозии маконҳои муқаддаси онон дар Ҳиндустон аз сӯи нируҳои амниятӣ ва ҳиндуҳои ифротии ин кишвар бардорад, ки баргузории нишасти фавқулъодаи вазирони хориҷаи кишварҳои узви Созмони ҳамкории исломӣ бо ҳадафи баррасии сиёсатҳои зиддиисломии давлати Деҳлии нав ва маҳкумияти он метавонад аз ҷумлаи ин иқдомот бошад.

 

Барчасп