Рӯзи сиёҳи нефти Нью-Йорк: қиммати нефти хоми Америка манфӣ шуд
(last modified Tue, 21 Apr 2020 15:03:56 GMT )
Апрел 21, 2020 20:03 Asia/Dushanbe
  • Рӯзи сиёҳи нефти Нью-Йорк: қиммати нефти хоми Америка манфӣ шуд

Қиммати пояи нефти хоми Америка рӯзи душанбе барои муомилоти оти (оянда) дар суқути ҷунуномез ба зери сифр дар ҳар бочка расид.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз Ирна, баҳои нефти хом"Вест Техас Интермедит" ё нефти пояи Америка аз бомдоди душанбе ба шиддат рҳ ба коҳиш гузошт ва аз андаке камтар 15 доллар барои ҳар бочка дар бомдод, ба 5 доллар дар авоили шаб ва сипас як сент дар соатҳои поёнии рҳз расид ва ҳатто ба манфии 39 доллар ва 53 сент дар ҳар бочка расид! 

Манфӣ шудани баҳои нефт ба ин маънист, ки фурушандагоне, ки ба далили ашбои махозини қодир ба захира кардани бештар нест, омодаи пардохти маблағе ба харидороне шуданд, ки битавонанд нефти рҳи даст мондаро ба ҳазинаи худашон бардошт карда ва ҷобаҷо кунанд. 

Дональд Трамп раиси ҷумҳурии Америка рӯзи душанбе ба вақти маҳаллӣ гуфт, ки давлаташ саргарми баррасии имкони мутаваҷҷиф кардани воридоти маҳмулаҳои нефти хом аз Арабистони Саъудӣ бо ҳадафи ҳамоят аз санъати бо шиддати осебдидаи дохилии истихроҷ ва тавлиди нефти хом аст. 

Трамп суқути ҷиммати нефтро кутоҳ муддат ва ноши аз фишори молӣ тавсиф карду гуфт: мушкил инаст, ки ҳеҷ кас дар ҳеҷ ҷои ҷаҳон аз худру истифода намекунад ва корхонаҳо ва касбу корҳо таътил ҳастанд. Бинобарин саноеъ ва содироти  энергия Америка, хусусан нефт, ногаҳон 40 то 50 фоизи бозори худро аз даст додаданд.

 Арабистон ҳам эълон кардааст, ки бо таваҷҷуҳ ба суқути бесобиқаи ҷиммати нефт қасд дорад, тавлиди худро беш аз мавъиди тавофуқшудаи ахир дар ОПЕК коҳиш диҳад. 

23 тавлидкунандаи муҳими нефт, аз ҷумла Америка, Арабистон ва Россия якшанбеи ҳафта гузашта тавофуҷ карданд, ки ба манзури тақвияти қиммати нефт, тавлиди рӯзонаи худро дар моҳҳои май ва июн мелоди ба мезони 9, 7 миллион бочка дар рӯз коҳиш диҳад. Аммо ин тавофуқ таъсире бар раванди рӯ ба коҳиши нефт надоштааст.