Ташкили давлати фарогир ; меҳвари гуфтугуҳои сиёсии Эрон дар Афғонистон
(last modified Wed, 22 Apr 2020 06:18:15 GMT )
Апрел 22, 2020 11:18 Asia/Dushanbe
  • Ташкили давлати фарогир ; меҳвари гуфтугуҳои сиёсии Эрон дар Афғонистон

Вазорати умури хориҷаи Эрон дар идомаи ройзаниҳои дипламатӣ бо ҳадафи кумак ба ташкили давлати фарогир дар Афғонистон даври тозае аз дидорҳо ва музокиротро дар Кобул баргузор кард.

Сайид Расул Мусавӣ дастёри вазири мудири кули Осиёи ғарбии  Вазорати умури хориҷаи Эрон,ки ба ҳамроҳи Муҳаммад Иброҳим Тоҳириён дастёр ва намояндаи вижаи вазири умури хориҷаи Эрон дар умури Афғонистон ба Кобул сафар кардааст, рӯзи сешанбе дар ТВИТТЕРЕ бо ибрози хушбиние аз натоиҷи ин сафар ; ибрози умедвори кард, мақомоти Афғонистон бо ташкили давлати фарогир гоми баланд дар ростои анҷоми гуфтугуҳои байни афғонӣ ва дастёби ба сулҳ ва субот дар ин кишвар бардоранд.

Муҳаммад Иброҳим Тоҳириён намояндаи вижаи вазири умури хориҷаи Эрон дар умури Афғонистон дар сафар ба Кобул бо Муҳаммад Ашраф Ғанӣ, Абдуллоҳ Абдуллоҳ, Ҳомид Карзай, раиси ҷумҳури пешин, Муҳаммад Ҳаниф Атмар сарпарасти Вазорати умури хориҷа,Ҳамдуллоҳ Муҳиб мушовири амнияти миллӣ, Салоҳиддин Рабонӣ раҳбари Ҳизби ҷамъияти исломӣ ва Абдураб Расул Сиёф раҳбари ҳизби танзими даъвати исломии Афғонистон дидор ва гуфтугу кард.

Тоҳириён ҳамчунин бо Ингрид Ҳойден муовини намояндаи Созмони Милалл дар Афғонистон ( Юномо ) дидор ва зимни табодули назар пиромуни масоили ҷории Афғонистон, бар зарурати тақвияти нақшофаринии Созмои Милалл дар умури марбут ба ин кишвар таъкид кард.

Афғонистон акнун дар вазъияти сахт ва печида қарор гирифтааст. Аз яксу музокирот бо Амрико бо Толибон бар раванди таҳавулоти сиёсии ин кишвар сояандохтааст ва аз суи дигар паёмадҳои интихоботи раёсати ҷумҳурии Афғонистон ба чолиши сиёсӣ дар кишвар табдил шудааст. Эрон дар ройзани бо шахсиятҳо ва мақомҳои сиёсӣ дар Афғонистон бар тақвияти сохторҳои сиёсӣ бинобар қонуни сиёсии Афғонистон таъкид дорад ва ҳимояташро аз музокироти байни гуруҳҳои сиёсии он кишварро эълон кардааст.

Аҳмад Сайидӣ дипламати собиқи Афғонистон дар Покистон аз печидагии авзоъи сиёсӣ дар ин кишвар мегуяд ва муътақид аст танишҳои пас аз интихобот,задубандҳои Амрико ва Толибон ва ҳимояти бархе кишварҳо аз терорризм корро ба ҷое расондааст,ки пешбинии ҳамаи чизро мушкил кардааст.

Дар чунин вазъияте агар талошҳои сиёсӣ дар дохили ин кишвар натавонад ба ин ихтилофҳо хотима диҳад ; баҳонаҳои тозае барои мудохилаҳои бегонагон ва густариши ноамниҳо дар Афғонистон фароҳам хоҳад шуд.

Ҷумҳурии исломии Эрон умедвор аст бо эҷоди давлати фарогир бо мушорикати ҳамаи ҷиноҳҳо ва гуруҳҳои сиёсии Афғонистон ҳар чи зудтар заминаи оғози гуфтугуҳои байни афғонӣ бо мушорикати тамоми гуруҳҳои сисёсии он кишвар фароҳам гардад.

Муҳаммад Ҷавод Зариф вазири умури зориҷаи Эрон дар ҳаштумин канфронси вазирони Қалби Осиё ,ки чанде пеш дар Истанбули Туркия баргузор шуд ; гуфт ; мебояд аз ҳар василае,ки дар ихтиёрамон аст барои тасҳили фароянди сулҳ дар ростои ҳифзи дастовардҳои канфронси 2001 бун ва ба вижа дар чорчуби қонуни асосии ҷумҳурии исломии Афғонистон ба унвони пояи муҳкам барои расидан ба ҳаргуна роҳи ҳали сиёсӣ истифода кунем.

Ғарби Осиё таи беш аз як даҳа саҳнаи мудохилоти Амрико будааст. Амрико бо тарҳҳо ва нақшаҳои таҷзияталабона дар минтақа ва бо эҷоди гуруҳҳои терорристии монанди Алқоъида ва бо ҳимоят аз ДИИШ ва дигар гурҳҳои терорристӣ сайъ кардааст муодилоти сиёсӣ ва амниятиро дар минтақа тағйир диҳад ва ҳежмунии худро ба кишварҳои минтақа таҳмил кунад. 19 сол ҳузури ишғолгаронаи Амрико дар Афғонистон аммо нишон дод ин тасавур,ки бо таҳоҷум ва ишғоли хориҷӣ метавон мушкилотро ҳал кард ; тасавури ботил ва дар айни ҳол музвирона аст . Амрико ҳаргиз  ба фикри ҳали мушкилоти миллатҳои минтақа ва аз ҷумла Афғонистон набуда зеро худ иллати мушкилот ва ноамниҳо ва ихтилофот дар минтақа аст. Дар шароите,ки хушунат ва ифротгароии ноши аз терорризми дастпарвардаи ғарб ва бархе аносири номатлуби минтақаи ғарби Осиё ба ҷанг ва хушунат кашондааст ; наметавон ҳали буҳронҳоро фақат дар дохили минтақа ҷустуҷу кард. Бешак нақши Амрико дар ин буҳронсозӣ ба унвони омили аслии танишҳо қобили китмон нест.