Апрел 22, 2020 14:38 Asia/Dushanbe
  • Интишори гузориши Сенати Амрико дар бораи мудохилаи Русия дар интихоботи 2016

Кумитаи иттилооти Маҷлиси Сенати Амрико гузориши созмонҳои иттилоотии ин кишварро дар бораи мудохилаи Русия дар интихоботи раёсатҷумҳурии 2016 бо ҳадафи пирӯзии Трамп таъйид мекунад.

Ба нақл аз хабаргузории Рейтерз, ин гузориш, ки рӯзи сешанбе 21 апрел аз табақабандии маҳрамона хориҷ шуд ҳокӣ аст, ки Ожонси иттилооти марказии Амрико (CIA), Ожонси амнияти миллӣ ва Дафтари таҳқиқоти федерал ба ин натиҷа расидаанд, ки Владимир Путин- раиси ҷумҳури Русия ба думболи заиф кардани Ҳиллори Клинтон- рақиби демократи Трамп дар интихоботи соли 2016 будааст.

Дар гузориши Cенат, ки то кунун чаҳор фасл аз панҷ фасли он мунташир шуда, CIA ва полиси федерали Амрико (FBI), бо итминони болое эълом кардаанд, ки тибқи ёфтаҳояшон, Русия дар талош барои афзоиши шанси Трамп барои пирӯзӣ дар интихоботи 2016 будааст.

Ин дар ҳоле аст, ки Доналд Трамп- раиси ҷумҳури Амрико ҳамвора мудохилаи хориҷиро дар пирӯзии худ дар интихоботи 2016 рад карда ва иддао кардааст, ки ёфтаҳои иттилоотӣ дар ин замина, ҷанбаи сиёсӣ дорад.

Русия низ ҳаргуна талош барои мудохила дар интихоботи раёсатҷумҳурии Амрикоро рад кардааст.