Апрел 22, 2020 17:29 Asia/Dushanbe
  • Ибрози нигаронии ЮНИСЕФ аз сӯитағзияи кӯдакон дар Афғонистон

Сандуқи кӯдакони Милали Муттаҳид (ЮНИСЕФ) аз ранҷ бурдан ва норасоии ғизо ҳафтсад ҳазор кӯдаки афғон ибрози нигаронӣ кард.

Ба гузориши Сандуқи кӯдакони Милали Муттаҳид, бо истинод ба гузориши Барномаи ғизоии ҷаҳон эълом кард, Афғонистон бо доштани беш аз ёздаҳ миллион кӯдак, аз назари норасоии ғизо дар радаи севуми кишварҳои ҷаҳон қарор дорад ва садҳо ҳазор кӯдак дар ин кишвар мубтало ба сӯитағзияи шадид ҳастанд, ки ба кумаки фаврӣ ниёз доранд.

Дар ин гузориш омадааст, ки теъдоди кӯдакони мубтало ба сӯитағзия дар Афғонистон дар соли 2019 бо биступанҷ дарсад афзоиш нисбат ба як соли қабл аз он, ба дувуним миллион нафар расидааст.

Дар гузориши барномаи ғизоии ҷаҳон, Яман дар радаи аввал, ҷумҳурии демократии Конго дар ҷойгоҳи дувум ва Афғонистон дар ҷойгоҳи севум қарор гирифтааст.

Ҳамчунин Венесуэла, Эфиопия, Судони Ҷанубӣ, Сурия, Нигерия ва Гаити ба тартиб дар ҷойгоҳи чаҳорум то даҳум қарор гирифтаанд.