Исломобод: Тирпаронии неруҳои марзии Ҳинд ба марзҳои Покистон
Артиши Покистон муддаӣ шуд, ки аз замони оғози шуйюи коронавирус, неруҳои марзии Ҳинд садҳо бор ба марзҳои Покистон тирпаронӣ карданд.
Ба нақл аз радиои бурунмарзии Садои Хуросон, сухангӯи артиши Покистон рӯзи ҷумъа гуфт: Тайи ин муддат низмиёни ҳиндӣ беш аз чаҳорсард бор ба марзҳои Покистон ва сокинини минтақаи Кашмири таҳти контроли ин кишвар тирпаронӣ кардаанд.
Ин мақоми аршади артиши Покистон таъкид кард: Исломобод умедвор аст масоил ва мушкилоти марзӣ аз тариқи машварат ва гуфтугӯ ҳал шавад.
Таниш миёни Ҳинд ва Покистон пас аз тасмими давлати Ҳинд барои бекор кардани ихтиёроти вижа дар Ҷому ва Кашмир ва таркиби бофти ҷамъиятии ин минтақа афзоиш ёфтааст.
Ҳинд ва Покистон ҳамвора мавзеъҳои якдигарро дар хатти контроли Кашмир ҳадаф қарор медиҳанд ва ба поймолсозии оташбас муттаҳам мекунанд.