Апрел 26, 2020 14:41 Asia/Dushanbe
  • Хабарҳои зидду нақиз дар бораи вазъияти ҷисмии раҳбари Кореяи Шимолӣ

Дар шароите, ки расонаҳои Кореяи Шимолӣ дар бораи вазъияти ҷисмонии раҳбари ин кишвар сукут ихтиёр кардаанд дар расонаҳои байналмиллалӣ ахбори зидду нақизе дар бораи Ким Ҷонг Ун мунташир мешавад.

Ба нақл аз Дейли мейл, муовини мудири телевизиони моҳвораии Гонконг эълом кардааст, ки манобеи бисёр муътабаре ба вай гуфтаанд, ки Ким Ҷонг Ун даргузаштааст.

Ҳамзамон як торнамои интернетии жопонӣ ба номи Шукан Гендей (shukan gendai) низ иддао кардааст, ки раҳбари Кореяи Шимолӣ пас аз анҷоми амали ҷарроҳии қалб дар ҳолати комаи амиқ қарор дорад.

Аз сӯи дигар расонаҳои минтақа рӯзи гузашта эълом карданд Чин тимеро ба ҳамроҳи мутахассисони пизишкӣ барои мушовара дар мавриди вазъияти саломатии раҳбари Кореяи Шимолӣ ба Пхенян сафарбар кардааст.

Дар Чин расонаҳои расмии Ҳизби коммунисти ин кишвар, ки равобити наздике бо Ҳизби коргарони Кореяи Шимолӣ доранд то кунун дар мавриди овозаҳои марбут ба саломатии Ким сукут кардаанд.

Як мақоми Ҳизби коммунисти Чин ҳафтаи гузашта гуфта буд муътақид аст саломати Ким мушкиле надорад ва ҷойи нигаронӣ нест.

Алехандро Као Де-Бенос, раиси Анҷумани дӯстии Корея низ гуфтааст иттилооти расмие аз Кореяи Шимолӣ дарёфт карда, ки гузоришҳо дар бораи вахим будани вазъияти ҷисмонии Ким Ҷонг Ун- раҳбари ин кишварро рад мекунад.

Раҳбари 36 солаи Кореяи Шимолӣ охирин бор 11 апрел дар  ҷойҳои умумӣ зоҳир шуд.

Ҳузур наёфтани вай дар маросими бузургдошти саду ҳаштумин солгарди таваллуди Ким Ил Сонг дар 15 апрел, гумоназаниҳоеро дар мавриди саломати вай барангехт.

Собиқа надоштааст Ким Ҷонг Ун аз замони будан дар мақоми раҳбарии Кореяи Шимолӣ дар авохири соли 2011 дар ин маросим ширкат накунад.

 Ким Ҷонг Ун дар соли 2011  ва пас аз даргузашти падараш Ким Ҷонг Ил бар асари ҳамлаи қалбӣ, ба қудрат расид.

 

Барчасп