Ҳимояти Швейтсария аз мардуми Эрон дар муқобила бо корона
Давлати Швейтсария барои ҳамдилӣ бо мардуми Эрон дар иқдоме намодин тасвири парчами Эронро бар яке аз маъруфтарин истироҳтагоҳҳои лижаронии ҷаҳон андохт.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Сафорати Швейтсария дар Теҳрон бо интишори тасвире аз намоиши парчами Эрон бар кӯҳи Маттерҳорн навишт: Парчами Ҷумҳурии Исломии Эрон шанбешаб бар кӯҳи Маттерҳорн дар минтақаи кӯҳистонии Зерматти Швейтсария барои эъломи ҳамроҳӣ ва ҳамбастагӣ бо мардуми Эрон дар замони шуйюи вируси корона нақш баст.
Минтақаи кӯҳистонии Зерматти Швейтсария бо чашмандозҳои зебо ва истироҳтагоҳҳои лижаронии машҳураш дар ҷаҳон шинохта шудааст.
Ин иқдоми Швейтсария мавриди истиқболи корбарони эронӣ дар фазои маҷозӣ қарор гирифтааст.
То кунун парчами чандин кишвари даргир бо вируси корона бар кӯҳи Маттерҳорни Швейтсария нақш бастааст.