Апрел 29, 2020 13:49 Asia/Dushanbe
  • 18 кушта ва захмӣ дар инфиҷори терорристӣ дар Кобул

Инфиҷори терорристӣ дар шаҳри Кобул пойтахти Афғонистон 18 кушта ва захмӣ бар ҷой гузошт.

Ба нақл аз хабаргузории Садо ва симои Эрон аз Кобул,Ториқ Орин сухангуи Вазорати кишвари Афғонистон эълон кард як муҳоҷим субҳи имрӯз чоршанбе камарбанди инфиҷории худро дар минтақаи Решхури Кобул миёни мардум инфиҷор кард ,ки дар натиҷа се ғайри низомӣ кушта шуданд.

Ба гуфтаи Орин дар ин инфиҷори интиҳорӣ 15 нафари дигар низ захмӣ шуданд.

То кунун фард ё гуруҳе масулияти ин инфиҷорро бар уҳда нагирифтааст.

Барчасп