Апрел 29, 2020 16:56 Asia/Dushanbe
  • Хуруҷи шаҳрвандони  Русия аз Тоҷикистон

Русия шаҳрвандони худро аз Тоҷикистон хориҷ мекунад.

Русия тайи 7 рӯзи оянда бо барқарории 3 парвоз шаҳрвандони  худро аз Тоҷикистон хориҷ мекунад.

Ба нақл аз Форс, Сафорати Русия имрӯз бо интишори иттилоияе эълом кард: Бо ҳадафи интиқоли шаҳрвандони  худ аз Тоҷикистон то 5 майи соли равон се парвози вижа роҳандозӣ мекунад.

Бино бар ин иттилоия,  дар таърихи 30 апрел аз тариқи ду парвози ширкатҳои ҳавопаймоии Сибир ва Хутути ҳавоии Урал шаҳрвандони Русия аз шаҳри Душанбе ба шаҳрҳои Екатеринбург ва Сургут мунтақил мешаванд.

Ҳамчунин рӯзи 3 май як парвози дигари ширкати Хутут ҳавоии Урал бо ҳадафи интиқоли шаҳрвандони Русия ба шаҳри Маскав барномарезӣ шудааст.

Сафорати Русия хотирнишон карда, ки аз ин парвозҳо танҳо шаҳрвандони ин кишвар метавонанд, истифода кунанд, ки дар портоли хадамоти давлатӣ, саҳифаи лозимро пур кардаанд.

Русия аз 27 марти соли ҷорӣ дар пайи шуйюи вируси ҳамагири корона парвозҳои маъмулии ширкатҳои ҳавоиро қатъ кард.